Намояндаи ҳокимият

Намояндаи ҳокимият - дар ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи ҷиноӣ - шахси мансабдори мақоми ҳифзи ҳуқуқ ё назораткунанда, инчунин шахсони мансабдори дигар, ки бо тартиби муқарраргардида нисбат ба шахсоне, ки ба ӯ дар вобастагии хизматӣ нестанд, ваколати фармоишдиҳӣ дорад (ниг. ба м. 328 КҶ ҶТ). Намояндагони ҳокимият инчунин шахсони мансабдоре мебошанд, ки дар мақоми намояндагӣ фаъолият доранд, аз ҷумла вакилон ва ёрдамчиёни онҳо, кормандони мақоми иҷроия, мақоми назораткунанда, хадамоти андоз, назорати санитарӣ- эпидемиологӣ, дигар назоратҳо а ғайра.[1]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 328-329