Наргис Бандишоева (8 октябри 1966 — 21 сентябри 1991) — яке аз номдортарин овозхонон ва ситораи ҳунару фарҳанги мусиқии Тоҷикистон аст.[1]

Наргис Бандишоева
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 8 октябр 1966(1966-10-08)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 21 сентябр 1991(1991-09-21) (24 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Наргис 8 октябри 1966 дар Душанбе дар хонаводаи оҳангсози маъруф Ҳукуматшоҳ Бандишоев ва ҳамсараш Бунафша Бекова зода шуда буд. Вай бародарзодаи ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон овозхони номдор Савсан Бандишоева ва оҳангсозу наққоши маъруф Марватшоҳ Бандишоев мебошад.

Наргис дастпарвари мактаби мусиқии «Чайковский» дар Душанбе буда, падараш дастпарвари Консерваторияи Маскав (ҳамкурси Александра Пахмутова ва Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ) навохтани фортепианоро ёдаш дод. Пас аз таҳсил дар ин мактаб Наргис дар Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода аз омӯзгоронаш инчунин устод Меҳрубон Назаров, падари Далер Назаров ҳунаромузи кард.

 
Бандишоева, Наргис

Наргис донишҷӯи соли панҷуми Донишгоҳи Мирзо Турсунзода буд, ки соли 1989 дар озмуни «Нахустин ҳунарнамоии ҷавонон» ширкат кард. Вай бо суруди шуғнии Олег Фезов «Лалаик» дар ин озмун пирӯз шуд ва соле пас дар ҷашнвораи «Иссиқ-Кӯл — 89» ширкат кард ва барандаи унвони «Мисс Иссык-Куль — 89» шуд ки арзёбие буд аз ҳунару шеваи овозхонии нотакрораш. Дар пайи пирӯзӣ дар ин озмун ӯро барои ширкат дар озмуни «Юрмала» дар Маскав даъват карданд. Ширкат дар ин озмун барояш такондиҳанда шуд: як шарти ин озмун ин буд, ки овозхонон бо фонограмма суруд мехонданд. Ҳангоме ки Наргис ба саҳна баромад, касе аз бадандешонаш фонограммаашро гум кард то вай натавонад ҳунарнамоӣ кунад. Ин рӯйдод бар вай чунон асар гузошт, ки дертар ҳатто нахост дар озмуни «Садои Осиё» ширкат кунад, ҳарчанд ки дар ду даври нахусташ баранда шуда буд. Аммо наздиконаш водораш карданд, ки аз ширкат дар ин озмун рӯй натобад.

Озмуни «Садои Осиё» дар соли 1989 яке аз муҳимтарин рухдодҳои фарҳангӣ дар Иттиҳоди Шуравӣ буд. Барои ширкат дар ин озмун 150 овозхон довталаб шуданд, аммо доварон барои ширкат дар бахши ниҳоӣ танҳо 30 касро интихоб карданд, ки аз беҳтарин ҳунармандону овозхонони кишвар махсуб мешуданд. Аз Тоҷикистон дар ин озмун ба ҷуз Наргис ҳамчунин Далер Назаров, Кароматуллоҳ Қурбонов, Парвиз Назаров, Олег Фезов ва Парвина Юсуфӣ низ ширкат доштанд.

Наргис дар ин озмун пирӯз шуд ва ситораи мусиқии Тоҷикистон ва Осиёи миёна гашт. Вай бештар сурудҳоеро бар ашъори номдортарин шоирони тоҷик месуруд ва сабки вижа ва нотакроре дошт ва то кунун дар Тоҷикистону ҷаҳон дӯстдорони бешумор дорад.

Наргис Бандишоева 21 сентябри 1991 дар садамаи худрав дар роҳи Варзоб — Душанбе ҳалок шуд. Ӯро дар Душанбе ба хок супурданд.

Қайдҳо

вироиш

Пайвандҳо

вироиш

Пайвандҳои беруна

вироиш