Ҳалима Насибулина

(Тағйири масир аз Насибулина Ҳалима)

Ҳалима Насибулина (Насибулина Ҳалима Зокировна, маъруф ба «Холаи афсонагўй»[1]; 15 июл 1922, Олмотӣ, ҶМШС Туркистон2003, Душанбе) — ҳунарпешаи театр, коргардон ва наттоқи радио, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1964).

Ҳалима Насибулина
Таърихи таваллуд: 15 июл 1922(1922-07-15)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 2003
Маҳалли даргузашт:
Касб: ҳунарпешаи театр, коргардони родию
Ҷоизаҳо:

Зиндагинома

вироиш

Соли 1941 Институти давлатии санъати ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм карда, дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият доштааст. Аз соли 1962 то 1998 коргардон ва саркоргардони Радиои тоҷик буд. Дар қариб чил спектакл — «Найрангҳои Майсара», «Шодмон», «Чашмаи гӯсфандон», «Бемории қалбакӣ», «Давом дорад», «Муфаттиш», «Роҳи бахт», «Саодат», «Имтиҳон» ва амсоли онҳо нақш офаридааст, ки ҳамагӣ самимию дилнишин баромадаанд. Хидматаш дар таҳияи асарҳои инсенеровкашуда барои шунавандагони радио ниҳоят калон аст, қариб 50 намоишномаи радиоиро барои хазинаи радио коргардонӣ кардааст. Яке аз барандагони барномаи машҳури «Хоби ширин, хурдтаракон» буд.

  1. Муҳаммаднабӣ Баёнӣ. Китоби нав аз рӯзгори «холаи афсонагўй». old.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (6 марти 2018). 12 июли 2022 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Обидҷон Саидзода. Умре бо радио. — Душанбе: «Бухоро», 2017, 96 с. — ISBN 978-99975-64-03-0
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.

Пайвандҳо

вироиш