Насим Пӯлотов – оҳангсоз, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (1940)[1]

Насим Пӯлотов
Насим Пӯлотов
Таърихи таваллуд 10 феврал 1913(1913-02-10)
Зодгоҳ ш. Самарқанд
Таърихи даргузашт 1998(1998)
Пеша(ҳо) оҳангсоз

Зиндагинома

вироиш

Насим Пӯлотов (1913 – 1998) аз зумраи композиторонест, ки дар саргаҳи фарҳанги мусиқии муосири Тоҷикистон қарор доштанд. Вай дар Самарқанд таваллуд шудааст, ки он ҷо солҳои 20-ум ва ибтидои солҳои 30-ум ривоҷу равнақи самтҳои нави санъати мусиқии касбӣ хеле фаъол буд. Дар оркестрҳои театрии Ӯзбекистон каме таҷриба андӯхта, аз соли 1934 навозанда, сипас дирижёри оркестри театри он вақт ҷавони шаҳри Душанбе – оянда Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ мегардад. Бисёр композиторони насли калонсол роҳи эҷодии худро аз ҳамин ҷо оғоз кардаанд. Дар муошират бо онҳо Н.Пӯлотов низ аз соли 1936 ба навиштани мусиқӣ оғоз менамояд. Соли 1940 вай дар бунёди Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ширкат варзида, аз рӯзи таъсисёбии он узви ин созмони эҷодӣ мегардад. Охири солҳои 1940-ум Н.Пӯлотов таҳсилро дар студияи миллии Консерваторияи Москва ба итмом мерасонад. Аз ҳамин давра майлу рағбатро ба эҷодиёт нигоҳ дошта, ба раванди сохтмони мадании ҷумҳурӣ фаъолона ворид мегардад. Малакаҳои дар Консеватория андӯхтааш имкон доданд, ки вай ба хори кумитаи радиои ҷумҳурӣ роҳбарӣ намояд. Зери роҳбарии ӯ ин коллективи эҷодӣ тарғиботи фаъолонаи хорсароиро оғоз намуд. Вобаста ба ин бисёр композиторон ба жанри хор рӯ оварданд. Н.Пӯлотов низ барои хор бисёр навиштааст. Дар байни асарҳои ин жанр махсусан хорҳои «Хуш омадӣ», «Мақсади мо», «Акрамҷон» ва дигарон ба комёбӣ ноил гардидаанд. Онҳо шунавандаро бо возеҳияти шакл, тобишҳои хушсифати хорӣ ҷалб менамоянд. Минбаъд корро дар вазифаҳои масъули Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, сарварии Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе идома дода, вай ҳамоно ба ривоҷу равнақ ва тарғиби мусиқӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Дар Анҷумани II композиторони Тоҷикистон (1956) ӯ муовини раиси раёсат интихоб гардида, барои таҳкими ин ташкилоти эҷодӣ, баланд бардоштани обрӯю нуфузи он дар ҳаёти фарҳангии ҷумҳурӣ нерӯи зиёдро сарф менамояд. Дар эҷодиёти ӯ шавқу ҳавас нисбат ба мусиқии вокалӣ ба таври возеҳ ифода гардидааст. Вай истеъдоди хешро бештар дар жанрҳои суруд ва романс зоҳир намудааст. Романсҳои Н.Пӯлотов ба монан- ди «Санам», «Оинарӯ» маъруфияти васеъ пайдо кардаанд, ки дар онҳо хусусиятҳои хоси услуби композитор таҷассум гардидаанд. Оҳангҳои ӯ лирикӣ ва самимианд. Тарҳи мутаносибии мусиқӣ одӣ ва табиист. Иртиботи муаллиф бо суннатҳои сурудии халқӣ асарҳои ӯро барои доираи васеи шунавандагон наздик мегардонад. Вай ҳамеша садоқатро бо театр, ки қадамҳои нахустинаш дар эҷодиёт бо он алоқаманд буд, нигоҳ медорад. Композитор барои бисёр намоишномаҳои Театри академии драмавии ба номи А.Лоҳутии Тоҷикистон мусиқӣ навиштааст. Фаъолияти эҷодӣ ва ҷамъиятии Н.Пӯлотов бо Ордени «Нишони Фахрӣ» (1975) қадр карда шудааст.

Кантата бахшида ба 110-солагии Абуабдулло Рӯдакӣ. Сюитаи рақсӣ барои оркестри симфонӣ. Марш барои оркестри созҳои миллӣ.

Асарҳои хорӣ ба шеъри адибони тоҷик

вироиш
  • «Хуш омадӣ»
  • «Мақсади мо»
  • «Акрамҷон»
  • «Муҳаббат».
  • Мусиқӣ ба намоишномаҳо:
  • «Дили модар»
  • «Ба ҷанг»
  • «Хонаи Нодира»
  • «Суруди кӯҳсор»
  • «Дараи дарёи кабуд»
  • «Садаф»
  • «Буд-набуд» ва диг.
  • Сурудҳо, романсҳо ва такмили оҳангҳои халқӣ.

[2]

  1. Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы, день в истории, прогноз погоды на 1-2 февраля (Азия Плюс) http://news.tj/ru/news/salom-aleikum-tadzhikistan-anonsy-den-v-istorii-prognoz-pogody-na-1-2-fevralya Бойгонӣ шудааст 5 апрели 2014  сол.
  2. Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - c 148- 150