Табиати беҷон (форсӣ: طبیعت بیجان), натюрмо́рт (аз фр. nature morte — «табиъати беҷон») — навъи ҳунари таҷассумист, ки дар он гул, мева, сабзавот, парранда, ашёи рӯзгор, дастархони пурнеъмат, олоти ҷудогона, меҳнату маишат ва ғайраҳо тасвир карда мешаванд.