Нақшҳои Исфара — силсилаи сурудҳои маъруфи мардумии Исфара, ки хусусияти маросимӣ дошта, аз даҳон ба даҳон то ба замони мо расидаанд. Замони пайдоиши нақш маълум нест. Гумон меравад, ки ба таърихи начандон тӯлонии Исфара нисбат дорад. Нақш аз назари фолклоршиносӣ қуллан мавриди арзёбӣ қарор нагирифтаанд. Танҳо дар асари Е. М. Пещерева роҷеъ ба мақоми сурудаҳои мардумии маъруф ба нақш дар ҷараёни Сайри гули лола ва баъзе ҷанбаҳои он мулоҳизаҳо сурат гирифтаанд. Дар он кӯшише барои мутолиаи амиқу мӯйшикофона, тавсиф ва таҳлили усулии сурудҳо ба харҷ рафтааст. Е. Пещерева сурудҳоро тибқи тартиби сароиши пайдарпайи «сарнақш»-сарвари сарояндагон сабт ва шуморагузори кардааст (№ 1,2,3,4). Сурудҳои № 1, 2, 3 бо номи «нақш» маъруфанд, ки тахминан ба мафҳум ва моҳияти мутантани ҷашнӣ меоянд. Ҳар нақш мавриди сароиши муносиб дорад. Нақши № 1 рӯзи аввал дар чорсу-маркази бозор, нақшҳои № 1,2 рӯзи дуввум зимни ба дарахт наздик шудан, нақшҳои № 1,2,4 дар шоми рӯзи дуввум бо ширкати 400—500 наф., нақшҳои № 1,2,3 рӯзи саввум ҳангоми сафари мазори Хоҷа Абдуллоҳи Кабудпeш аз ҷониби мардон ба тарзи умумихонӣ (хор) сароида мешаванд. Е. Пещерева нахустин дафъа ба баррасии мундариҷаи нақш ва бозгӯйи xанбаҳои адабии он пардохтааст. Сурудҳо аз нақшҳои калон (№ 1), миёна (№ 4) ва хурд (№ 3) иборатанд. Нақши № 2 номи махсус надорад ва усулан пас аз нақши калон сароида мешавад. Маълум мешавад, ки муҳаққиқ дар баёни меъёрҳои ба гурeҳҳо xудо шудани нақш душворӣ кашидааст. Нақши калон моҳиятан дорои мазмун ва рӯҳияи мазҳабист. Он бо ду навъ оҳанги мутантан сароида мешавад:

Шамшери Алӣ қабзаю шаш теғи дусар,
Қулфаш Ҳасану Ҳусайн, калидаш Ҳайдар.
Пайғамбари мо нашаста бол(о)и минбар,
Рeз аст шафоат кунад пайғамбар.

Нақш № 2,3-ро дар Фарғона зимни тӯйҳои арeсӣ низ месароянд (№ 2 дар уезди Намангон ва № 3 дар Исфараву Қуқанд). нақши хурд (№ 3) аз маҷмӯи рубоиёти гуногуни тоҷикӣ ва ӯзбекӣ фароҳам омадааст. Банди нахустини он ба навъи сурудҳои раrсb нисбат дорад:

Омад, омадат гардам,
Тарзи қоматат гардам.
Ту бо ин қадду рухсор
Шоҳи анxуман бошӣ…

Варианти онро Е. Пещерева дар н. Балxувон сабт кардааст. Мисраъҳои 9-16-уми нақши хурд (№ 3) дар тӯйҳои арeсии Қуқанд зимни ба хонаи домод овардани навхонадорон сароида мешаванд. Онро ҳамчунин хурдсолони Исфара зимни гули гандумак (дар тобистон) дар тақлид ба сайри гули лолаи калонсолон месароянд. Xолиб аст, ки оҳанги сурудаҳо-Нақши мардумии Исфара аз xониби мусиқишинос В. А. Успенский сабт шуда, аммо бино ба ишораи Е. Пешерева тақдири баъдинаи онҳо номаълум боқӣ мондааст. Ҳамзамон матни нақш дар охири мақолаи ин муҳаққиқ дар траскрипсия ва тарҷимаи русиашон оварда шудаанд[1].


  1. Исфаранома.-Душанбе: Шарки озод, 2004.-Муаллиф Субхони Аъзамзод