Наҷмуддин Сангинов
Наҷмуддин Сангинов (тав. 1.05.1928, шаҳри Конибодом – ваф. 31.01.1990, шаҳри Душанбе), муаррих, номзади илмҳои таърих (1965), дотсент (1969).
Зиндагинома
вироишСолҳои 1945–1949 дар факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1949–1953 аспиранти кафедраи таърихи ИҶШС, 1953–1958 муаллими калон ва декани шуъбаи ғоибона, 1958–1964 декани факултети таърих, 1964–1968 мудири кафедраи таърихи ИҶШС, 1968–1974 декани факултети таъриху филология, 1974–1986 мудири кафедраи таърихи умумӣ, 1986–1990 дотсенти кафедраи номбурдаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Муаллифи 4 асар ва зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ буда, дар онҳо масъалаҳои муборизаи ҳизби коммунистӣ дар ташаккул ва таъсисёбии синфи коргар баррасӣ шудааст. Бо ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қадр карда шудааст.
Осор
вироишСостояние экономики и зарождение пролетариата в дореволюционном Таджикистане, Д., 1960; Формирование и развитие рабочего класса в Таджикской ССР, Д., 1963; Коммунистическая партия в борьбе за формирование и развитие рабочего класса в Таджикистане, Д., 1967; История рабочего класса Таджикистана, Д., 1973.
Пайвандҳо
вироиш
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |