Непер (шакли кӯтоҳ: Нп; байнулмилалӣ: Np) — воҳиди нисбияти логарифмии бузургии физикӣ. Логарифми натуралӣ ҳамчун асоси ин воҳид қабул шудааст. Ин воҳиди физикӣ ба шарафи математики шотландӣ Ҷон Непер номгузорӣ шудааст.