Нерӯи нарм ё қудрати нарм (англ. soft power) — дар сиёсат ба ҷойи иҷбор, тавонои ҷазб ва интихоб аст. Ба иборати дигар, қудрати нарм шомил шаклдодан ба тарҷеҳоти дигарон аз тариқ ҷаззобият ва ҷазб аст. Яке аз вежагиҳои таъйинкунанда қудрати нарм ин аст, ки иҷборӣ нест. Қудрати нарм шомили фарҳанг, арзишҳои сиёсӣ ва сиёсатҳои хориҷӣ аст.

Дар охири солҳои 80-уми асри гузашта, баъди фурӯпошии Шӯравӣ ва поёни Ҷанги Сард миёни Амрико ва Иттиҳоди Шӯравӣ, профессори Донишгоҳи Ҳарвард Ҷозеф С. Ние консепсияи қудрати нарм ро пешниҳод кард. Ӯ зарурати ин консепсияро чунин баён мекунад: пас аз тамом шудани ҷанги сард амрикоиҳо мехостанд, мавқеи худро дар ҷаҳон бе Шӯравӣ бифаҳманд[1].

Консепсия ё назарияи нерӯи нарм барои дар эътидол нигоҳ доштани робитаҳо дар байни миллатҳо ва фарҳангҳо матраҳ шудааст. Ин консепсия бар асоси арзишҳои демократӣ сохта шуда, ба гуфтугӯ дар байни миллатҳо, шиносоии фарҳангу ҳунар ва мусиқии онҳо ва ҷалби бештари халқҳои гуногун ба варзиш мусоидат мекунад.

  1. "Нирӯи нарм" дар Тоҷикистон. Фарқи Амрико аз Чину Русия чист?(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 10 ноябри 2021 санҷида шуд.