Неъмат Ашӯров (1904, деҳаи Маҳрам, ноҳияи Конибодом — 1973, Душанбе) — ходими ҳизбию давлатӣ.

Неъмат Ашӯров
Таваллуд 1904
Даргузашт 1973
Ҳизб
Таҳсилот
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ»

Зиндагинома

вироиш

Курси муаллимтайёркунии Самарқандро хатм кардааст. Раиси Иттифоқҳои касабаи коркунони маорифи ноҳияи Конибодом (1929-34), муҳаррири рӯзномаи шаҳрӣ ва ноҳиявии Кӯлоб, муовини сардори МТС-и ноҳияи Ҳисор (1934-37), котиби якуми Кумитаи Ҳизби коммунистии ноҳияи Заҳматобод (ҳозира Айнӣ), котиби дуюми Кумитаи Ҳизбии коммунистии вилояти Хуҷанд ва котиби дуюми КМ ҲК Тоҷикистон (1937-40), минбаъд низ котиби якуми Ҳизби коммунистии вилояти Қӯрғонтеппа, ВМКБ, вазири саноати гӯшту шир, вазири хоҷагии коммуналии Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1937-47) ва депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 2) буд.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо ордени Ленин, ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени «Нишони Фахрӣ», ордени Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи I), медалҳо ва ифтихорномаҳо қадр шудааст.

Адабиёт

вироиш