Низомиддин Баҳриддинов

Низомиддин Баҳриддинов (1.5.1930, деҳаи Некнот, ноҳияи Панҷакент — 29.11.2000, Душанбе) — муҳаққиқ ва омӯзгор, доктори илмҳои педагогӣ (1991), профессор (1992).

Низомиддин Баҳриддинов

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1954). Котиби якуми Комитети комсомолӣ ва нозири Комитети ҳизбии собиқ ноҳияи Колхозчиён (1954-58), нозири Комитети ҳизбии шаҳри Панҷакент (1958-62), аспиранти АИ ҶШС Тоҷикистон (1962-65), дотсент (1965-93), профессор ва мудири кафедраи биология ва географияи ДДОТ (1993—2000). Оид ба парвариши рустаниҳо дар шароити иқлими баландкӯҳ таҳқиқот анҷом додааст. Муаллифи 73 мақолаи илмӣ.

Осор вироиш

  • Сатҳи паҳншавии рустаниҳои тропикӣ дар шароити Помир// Меҳнат ва ҳаёт. № 3, 1974;
  • Парвариши маҳсулоти ғаллагӣ дар шароити кӯҳистони Осиёи Миёна, «Мактаби советӣ». № 3, 1979;
  • Растаниҳои равғандиҳандаи Осиёи Миёна// Ахбороти АИ ҶШС Тоҷикистон № 1, 1985. А. Мухторов.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш