Низоми адои ҷазо - дар муассисаҳои ислоҳӣ, тартиби иҷро ва адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ мебошад, ки аз тарафи қонун ва дигар санади меъёрии ба қонун мувофиқ буда муқаррар шудаанд. Низоми адои ҷазо ҷудо нигоҳ доштани маҳкумшудагон, назорати доимии онҳо, иҷрои уҳдадории ба зиммаи маҳкумшудагон гузошташуда, татбиқи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, амнияти маҳкумшудагон ва кормандон, алоҳида нигоҳ доштани категорияҳои гуногуни маҳкумшудагон, шароитҳои гуногуни нигоҳ доштанро вобаста ба навъи муассисаи ислоҳӣ, ки суд таъйин кардааст ва тағйир додани шароити адои ҷазоро таъмин мекунад. Низом дар муассисаҳои ислоҳӣ барои истифода бурдани дигар воситаҳои ислоҳкунии маҳкумшудагон шароит фароҳам месозад.[1]

Нигаред низ вироиш

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 333-334