Низоми интихоботи мажоритарӣ

Низоми интихоботи мажоритарӣ - низоми интихоботии қадимтарин ва аз ҳама бештар паҳншудаи умумимиллӣ ва минтақавии мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад. Дар ин низом номзад ба вакилӣ ё мансаби интихоботии дигар аз номи худ мебарояд ва барои он ки интихоб шавад, бояд дар ҳавзаи интихоботӣ, ҷое, ки пешбарӣ шудааст (интихоботи парлумонӣ), ё ки дар миқёси тамоми мамлакат (интихоботи президентӣ) нисбат ба рақибони худ зиёдтар овоз гирад. Якчанд намуди низоми интихоботи мажоритарӣ вуҷуд дорад (ниг. ба Низоми интихоботи мажоритарии аксарияти том, Низоми интихоботи мажоритарии аксарияти нисбӣ, низоми интихоботи мажоритарии аксарияти мутлақ).[1]

Нигаред низ

вироиш

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 339