Низоми тарифи музди меҳнат

Низоми тарифи музди меҳнат - пардохти музди кор вобаста ба шароити истеҳсолот, хусусияти кор, ки ба саломатӣ зараровар, ё ин ки вазнин мебошад. Низоми тарифи музди меҳнат ба унсурҳои зерин ҷудо мешавад:

- маълумоти тарифӣ-квалификатсионӣ;
- сеткаҳои тарифӣ;
- ставкаҳои тарифӣ;
- коэффисиентҳои ноҳиявӣ.[1]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 344