Низоми чораҳои пешгирии ҷинояткорӣ
Низоми чораҳои пешгирии ҷинояткорӣ - иборат аз таснифи чораҳои пешгирии ҷинояткорӣ аст. Таснифи чораҳо аз рӯйи асосҳои зерин ҷой дорад:
- - аз рӯйи сатҳи фаъолияти пешгирӣ (чораҳои умумииҷтимоӣ ва махсус);
- - аз рӯйи ҳаҷм ва самти чораҳои пешгирӣ (пешгирии умумӣ, махсус ва фардӣ (индивидуалӣ);
- - аз рӯйи ҳудуд (умумидавлатӣ; дар ҳудуди ҷумҳурӣ ё автономия татбиқшаванда ва маҳаллӣ (дар ҳудуди ноҳия, ҷузъҳои маъмурии аҳолинишин, объекти мушаххас, корхона, ташкилот, муассиса ва ғайра).
- - аз рӯйи мазмуни чораҳои пешгирӣ;
- - аз рӯйи механизми таъсиррасонӣ ба ҷинояткорӣ (характери иҷтимоӣ-иқтисодӣ дошта; ташкилӣ-роҳбарӣ; идеологӣ; техникӣ; ҳуқуқӣ);
- - аз рӯйи субъекти ин фаъолиятро ба иҷро расонанда.
Ба чораҳои техникӣ роҳу тарзҳои гуногуне, ки барои нодуруст нишон додани миқдор ва сифати маҳсулот дар вақти истеҳсол, фурӯш ва тақсими маҳсулот, мубодилаи бонкӣ, дуздии молу мулк, пайдошавии ҳолатҳои таъҷилӣ, сӯхтор ва ғайра монеа мешаванд, мансуб мебошанд.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 345