Низоми қонунгузорӣ
Низоми қонунгузорӣ - маҷмӯи санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор қабул шуда, мавриди амал қарор мегиранд. Ин мафҳуми васеи низоми қонунгузорӣ мебошад, ки онро метавон ба сифати мафҳуми низоми санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ низ эътироф кард. Низоми қонунгузорӣ ба мафҳуми маҳдуди истилоҳ танҳо аз маҷмӯи санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки аз тарафи мақоми олии намояндагию қонунгузории давлат қабул мешаванд, яъне маҳз қонунҳо иборат аст. Масалан, қонунгузории ҷиноятии Тоҷикистон аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, қонунҳое, ки ҷавобгарии ҷиноятии навро пешбинӣ ва ё онҳоро истисно мекунанд, ҳамчунон ба ин ё он моддаҳои қонуни ҷиноятӣ тағйиру иловаҳо ворид мекунанд, ҳатман бояд ба Кодекси ҷиноятӣ ворид шаванд. Низоми қонунгузорӣ тобеи низоми ҳуқуқӣ буда, таносуби онҳо таносуби мазмун ва шакл мебошад ва маҳз тағйири низоми ҳуқуқӣ боиси шакливазкунии низоми қонунгузорӣ мегардад. Ба ҳамин тартиб, низоми қонунгузорӣ аз маҷмӯи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ иборат аст.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - C. 342