Низом Баҳриддинов
Низом Баҳриддинов — биологи тоҷик, доктори илмҳои биология (1992), профессор (1992).
Низом Баҳриддинович Баҳриддинов | |
Таърихи таваллуд | 10 май 1930 |
Зодгоҳ | ноҳияи Панҷакент |
Таърихи даргузашт | 2000 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | биология |
Ҷойҳои кор | Комитети ҳизби коммунистии ҲК ҶШС Тоҷикистон дар ш. Панҷакент, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Зиндагинома
вироишСоли 1954 ДДОД ба номи Т. Шевченкоро хатм намудааст. Соли 1954 муаллими мактаби миёнаи ноҳияи Колхозчиёни вилояти Ленинобод, 1954–1957 котиби якуми комсомоли ноҳияи Колхозчиён, 1957–1958 инструктори Комитети ҳизби коммунистии ноҳияи Колхозчиён, 1958–1962 инструктори Комитети ҳизби коммунистии ҲК ҶШС Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, 1962–1965 аспиранти АИ ҶШС Тоҷикистон буд. Солҳои 1965–1969 ба ҳайси мудири кабинети кафедраи ботаникаи факултети географияи ДДОД ба номи Т. Шевченко, 1970–1992 дотсенти кафедраи ботаникаи ДДОД ба номи Т. Шевченко кор кардааст. Солҳои 1993–1999 вазифаи мудир ва профессори кафедраи методикаи таълими табиатшиносӣ ва географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣро ба уҳда дошт.
Фаъолияти илмӣ
вироишМуаллифи зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ мебошад. Оид ба рушди хоҷагии қишлоқ ва боғдорӣ дар Тоҷикистон, масъалаҳои заминдорӣ дар ноҳияҳои кӯҳистони Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон кори илмӣ бурдааст.
Мукофот
вироишБо ифтихорномаҳои ташкилотҳои комсомолӣ, ҳизби коммунистӣ ва ҳукуматӣ қадр карда шудааст.