Николай Гамалея
Никола́й Фёдорович Гамале́я (5 (17) феврал 1859, Одесса — 29 марти 1949, Маскав) — микробиолог, академики фахрии АИ ИҶШС (1949; узви вобаста 1939), академики АИТ ИҶШС (1945).
Таърихи таваллуд | 5 (17) феврал 1859 ё 1859[1] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 29 март 1949 ё 1949[1] |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | микробиология, epidemiology[d], пизишкӣ ва вирусшиносӣ |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори тиб[d] |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Louis Pasteur[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишДонишгоҳи Новороссияи Одесса (1880) ва Академияи ҳарбии тиббии Петербург (1883)-ро хатм кардааст. Соли 1886 дар Порис дар лабораторияи Л. Пастер кор карда, оид ба моякӯбии зидди бемории ҳорӣ таҳқиқот анҷом дод. Ҳамроҳи И. И. Мечников дар Одесса бунгоҳи бактериологӣ ташкил намуд; вирус будани ангезандаи тоуни чорворо муқаррар кард. Николай Гамалея оид ба бемориҳои ҳорӣ, сил, вабо ва ғ. таҳқиқоти ҷолиб анҷом додааст. Ӯ. кошифи бактериолизинҳо (моддаҳои харобсозандаи бактерияҳо, 1898) ва «Вибриони Мечников» – ангезандаи касалии вабомонанди парандаҳо мебошад. Соли 1908 бори нахуст исбот кард, ки бемории ҳасбаро шабуш интиқол медиҳад. Николай Гамалея оид ба пешгирии домана, вабо, нағзак, тифи раҷъӣ пажӯҳишҳои назаррас ба анҷом расонд.
Ҷоизаҳо
вироишДорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1943). Бо 2 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Каталог Немецкой национальной библиотеки (нем.)
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Леонидович К. Н. Международная евгеника и российское медицинское сообщество, 1900–1917, International Eugenics and the Russian Medical Community, 1900–1917 (рус.) // Историко-биологические исследования — 2015. — Т. 7, вып. 1. — С. 7—40. — ISSN 2076-8176; 2500-1221
- ↑ 3.0 3.1 Фельдер Б. М. Расовая гигиена в России: Евгений Алексеевич Шепилевский (1857–1920) и зарождение евгеники в Российской империи, Racial Hygiene in Russia: Evgenij A. Šepilevskij (1857–1920) and his Role in Transferring Eugenics to Russia (рус.) // Историко-биологические исследования — 2012. — Т. 4, вып. 2. — С. 39—60. — ISSN 2076-8176; 2500-1221
Сарчашма
вироиш- Гамалея Николай Фёдорович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.