Николай Гумилёв
Николай Степанович Гумилёв (3 [15] апрел 1886[1][2] ё 15 апрел 1886[3][2], Kronstadt[d], губернияи Санкт-Петербург[d][1] — 26 август 1921[4][5] ё 25 август 1921[3][2], Санкт-Петербург[1]) — нависанд, мунтақид ва тарҷумони рус. Иштирокдори Ҷанги ҷаҳонии якум буд. Ҳамсари якуми Анна Ахматова ва педари Лев Гумилёв буд.
Тахаллусҳо: | Анатолий Грант |
---|---|
Таърихи таваллуд: | 3 (15) апрел 1886[1][2] ё 15 апрел 1886[3][2] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 26 август 1921[4][5] (35 сол) ё 25 август 1921[3][2] (35 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда |
Жанр: | наср, намоишнома[d], шеър[d] ва байт |
Забони осор: | русӣ[6][7] |
Ҷоизаҳо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишНиколай Гумилёв 3 апрели соли 1886 таваллуд ёфт. 25 апрели соли 1910 Гумилёв бо Ахматова зану шавҳар шуда буд. 1 октябри соли 1912 аз Николай Гумилёв ва Анна Ахматова писар Лев таваллуд шудааст.
Солҳои 1909 ва 1913 Гумилёв ба Ҳабашистон мусофират кард. Онҷо ӯ бо ҳокими Ҳарари рас (бег) Тэфэри (баъдтар негуси (подишоҳи) Эфиопияи Ҳойла Селоссиеи I) ошно шудааст.
Дар сари Ҷанги ҷаҳонии якум шоир ба низами ҳарбӣ дохил шудааст. Ӯ ба хидмати полки улани Литови Лейб-гвардияи Улёҳазрат даромада буд. Соли 1916 Гумилёв ба хидмати полки 5-уми гусари Александрӣ даромада буд. Соли 1917 Гумилёв ба фронти Салоникӣ ба Сипоҳи экспедитсионии русӣ рафт. Дар Лондон ӯ бо нависандагон Вилям Йейтсу Гилберт Честертон ошно шудааст. Дар Париж Гумилёв дар вазифаи маъмурӣ хидмат кард. Дар замони дӯ гунди Сипоҳ балво карда буд Гумилёв дар фурӯнишонӣ иштирок кард.
Соли 1918 ӯ ба Русия гашта омадааст.
5 августи соли 1918 Гумилёв ба Ахматова талоқ дод ва 8 августи соли 1918 бо Анна Николаевна Энгелгардт зану шавҳар шуда буд.
14 апрели соли 1919 аз Николай Гумилёв ва Анна Энгелгардт духтар Елена таваллуд шудааст.
Августи соли 1921 Гумилёв дар иштирок ба суиқасди контрреволютсионӣ айбдору маҳкум кардашуд ва 26 августи соли 1921 қатл кардашуд.
Эҷодиёт
вироишМаҷмӯаҳо:
- Путь конквистадоров (Роҳи фотеҳон) (1905)
- Романтические цветы (Гулҳои ошиқона) (1908)
- Жемчуга (Марворид) (1910)
- Чужое небо (Осмони бегона) (1912)
- Колчан (Тирдон) (1916)
- Костёр (Алав) (1918)
- Фарфоровый павильон (Чавкандии фахфурӣ) (1918)
- Шатёр (Хайма) (1921)
- Огненный столп (Пояи оташ) (1921)
- Тень от пальмы (Сояи нахл) (1990)
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Синявский А. Д., Синявский А. Д. Гумилёв // Краткая литературная энциклопедия (рус.) — М.: Советская энциклопедия, 1962. — Т. 2.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 Литераторы Санкт-Петербурга. ХХ век (рус.) / под ред. О. В. Богданова
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Русская литература XX века. Прозаики, поэты, драматурги (рус.) / под ред. Н. Н. Скатов — 2005. — С. 587—591. — ISBN 5-94848-245-6
- ↑ 4.0 4.1 Установлена дата гибели Николая Гумилева (рус.) — 2014.
- ↑ 5.0 5.1 Петербургские историки установили дату гибели Николая Гумилева (рус.) — Газета.Ru, 2014.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ CONOR.Sl
Адабиёт
вироиш- Гумилёв Николай // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.