Николай Николаевич Ге

Никола́й Никола́евич Ге (15 (27) феврал 1831, Воронеж1 (13) июни 1894) — рассом ва наққоши рус, устоди наққошиҳои таърихӣ.

Николай Николаевич Ге
русӣ: Николай Ге
Суратҳо
Таърихи таваллуд 15 (27) феврал 1831[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 1 (13) июн 1894[1] (63 сол) ё 2 (14) июн 1894[1] (63 сол)
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
Жанр наққошии таърихӣ[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Академияи рассомии Петербург (1857), профессор (1864). Барои тасвири «Сӯгвории Ахиллес бар Патрокл» (1855) соҳиби медали хурди тило ва барои кори дипломиаш – «Саул дар назди ҷодугари Аэндорс» сазовори унвони рассоми мумтози дараҷаи I ва медали бузурги тило гардид. Баъд ба Олмон, Швейсария ва Фаронса сафар намуд. Солҳои 1857–59 дар Итолиё ва 1860–69 дар Флоренсия кор кард. Дар Флоренсия дар мавзӯъҳои Инҷил расмҳо («Масеҳу Марям ва ҳамшира Лазаря», «Бародарони наҷотдиҳанда» ва ғайра) кашид ва ба кори бузурги «Паёмҳои растохез» шурӯъ намуд. Дар ҳамон ҷо бо А. И. Герсен ошнову наздик шуд. Ин шиносоӣ ба муҳтавои эҷодиёти Николай Ге таъсир гузошт. Соли 1867 Николай Ге портрети Герсенро кашид, ки яке аз корҳои беҳтарини ӯ мебошад. Дар асарҳои аввалинаш мавзӯъҳои анъанавии санъати академии он замон ба тарзи нав, бо шӯру ҳаяҷон ифода ёфтаанд («Шоми хафо», 1863, Музейи Рус, Санкт-Петербург; «Қосидони эҳё», 1867, Нигористони Третяков). Аз соли 1870 дар Петербург ва аз соли 1876 дар зодгоҳаш зистааст. Соли 1882 дар Маскав бо Л. Н. Толстой шинос шуда, соли 1884 портрети ӯро кашид. Сипас дар мавзӯъҳои динӣ мусаввараҳои «Охирин шоми Ҳазрати Масеҳ бо ҳавориёни худ» (1889), «Ҳақиқат чист?» (1890), «Муртад» («Виҷдон») (1891), «Анҷуман» (1892) ва билохира «Чормех»-ро дар чанд тарз кашид. Дар расмҳое, ки дар мавзӯъҳои Инҷил офарида шудаанд («Ҳақиқат чист?», «Масеҳо ва Пилат», «Чормех», 1892–94, ҳар се дар Нигористони Третяков), ғояҳои эътироз нисбат ба бадӣ, ки ба ақидаҳои Л. Н. Толстой наздиканд, инъикос ёфтаанд. Николай Ге бисёр портретҳои реалистии таъсирбахш (А. И. Герсен, 1867; Н. И. Костомаров, 1870; Л. Н. Толстой, 1884, автопортрет, 1893), мусаввараҳои таърихии «Шоҳзода Алексейро истинтоқ кардани Пётри I дар Петергоф» (1871, Нигористони Третяков), «Пушкин дар деҳаи Михайловский» (1825, Нигористони Третяков) ва ғ.-ро офаридааст.

Адабиёт

вироиш
  • Альбом художественных произведений Н. Н. Ге. М., СПб., 1903;
  • Стасов В. В. Н. Н. Ге. М., Л., 1946;
  • История русского искусства. Т. 9. Кн. 1. М., 1965;
  • Порудоминский. Николай Ге. М., 1970;
  • Арбитман Э. Н. Жизнь и творчество Н. Н. Ге, Саратов, 1972;
  • Тарасов В. Ф. Николай Николаевич Ге. Л., 1989;
  • Алленов М. М. Русское искусство XVIII – нач. XX вв. М., 2000;
  • Каропова Т. Н. Ге. М., 2001.

Сарчашма

вироиш