Никоҳи беэътибор - мувофиқи моддаи 28-31 КО ҶТ агар никоҳ бе розигии никоҳшавандагон ё яке аз онҳо, вайрон кардани синну соли никоҳӣ, принсипи якканикоҳӣ, байни аҷдоду авлод, бародарону хоҳарони ҳамтана, байни ба фарзандӣ қабулкардагон ва қабулшудагон, байни шахсоне, ки ақаллан яке аз онҳоро суд бо сабаби касалии рӯҳӣ ё сустақлӣ ғайри қобили амал эътироф кардааст, байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби сӯиистифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ё маводи нашъадор дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф намудааст, баста шуда бошад, бо роҳи судӣ беэътибор дониста мешавад. Дар мавридҳое, ки зану шавҳар ё яке аз онҳо никоҳро бе нияти барпо кардани оила баста бошанд ҳам (никоҳи қалбакӣ), мумкин аст никоҳи онҳо беэътибор ҳисоб карда шавад. Иштирокчиёни чунин «никоҳ», одатан, бо мақсади ғаразнок никоҳро истифода мебаранд. Никоҳе, ки бо роҳи маҷбурӣ ё фиреб ба вуҷуд омадааст, бо аризаи шахси ҷабрдида ё прокурор беэътибор эътироф карда шуданаш мумкин аст. Фиреб додани як шахс маънои қасдан гумроҳ кардани шахси дигарро дорад. Фиреб барои он истифода бурда мешавад, ки аз тарафи дигар ба бастани никоҳ водор сохта шавад, ба ӯ дар бораи шартҳои никоҳ, ки барои тарафи фиребхӯрда муҳиманд, тасаввуроти нодуруст ҳосил шавад. Фиреб метавонад ҳам аз тарафи яке аз ҳамсарони оянда, ҳам аз тарафи шахси сеюм сар занад, ки ин нақшро аксар вақт волидон ё шахсони наздики тарафи манфиатдор иҷро менамоянд ва онҳо ба ҳамин мақсад забон як мекунанд. Моҳияти фиреб аксар вақт аз он иборат аст, ки дар бораи мавҷуд будан ё набудани вазъиятҳои гуногун изҳороти бардурӯғ дода мешавад ва ин вазъиятҳо барои беэътибор донистани никоҳ нақши муҳим мебозанд. Никоҳи бо роҳи маҷбуркунӣ басташуда ҳам беэътибор аст. Беэътибор эътироф карда шудани никоҳе, ки ба он шахси ба синни никоҳӣ нарасида даромадааст, ба шарте мумкин аст, ки агар онро манфиати шахси то синни никоҳӣ нарасида талаб намояд. Дар ин ҳолат барои беэътибор ҳисоб кардани никоҳ падару модар, васӣ ва парастори шахси ноболиғ, инчунин мақомоти васояту парасторӣ ё прокурор ҳуқуқи муроҷиат карданро доранд. Бояд гуфт, ки дар баъзе ҳолатҳо никоҳ бо шахси ба синни никоҳӣ нарасида дар натиҷаи хунукназарӣ ё сӯиистеъмол аз мансаб аз ҷониби коркунони САҲШ ва ҷамоатҳои деҳот ё шаҳрак ба қайд гирифта мешавад. Аз эҳтимол дур нест, ки баъзан худи никоҳшавандагон бо роҳҳои қалбакӣ синну солро дар шиноснома ё дигар ҳуҷҷатҳо дигар мекунанд. Дар ин мавридҳо ақди никоҳ бояд беэътибор дониста шавад. Вайрон кардани принсипи якканикоҳӣ (моногамия) яке аз асосҳои васеъ паҳн шудани беэътибор ҳисоб кардани никоҳ ба шумор меравад. Принсипи якканикоҳӣ вайроншуда ҳисобида мешавад, сарфи назар аз он ки шахс ҳангоми бастани ақди никоҳ аз зиддиқонунӣ будани амали худ воқиф аст ё не. Чунон ки қайд намуда будем, барои вайрон кардани принсипи якканикоҳӣ шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.[1]

Нигаред низ вироиш

Никоҳ

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 346-347