Нина Семёновна Назарова - (14.01.1919/23.05.1994) нахустин декани факултети иқтисодӣ буданд, ӯ дар ин вазифа аз моҳи марти соли 1957 то моҳи декабри соли 1958 кор кард. Н.С.Назарова Институти хоҷагии халқи ба номи Г.В.Плеханови шаҳри Москваро (1940) хатм намудааст. Солҳои 1958-1961 дар аспирантура таҳсил ва рисолаи номзадиро соли 1961 ҳимоя намудааст. Соли 1965 унвони дотсентиро соҳиб гаштааст. Мудири кафедраи иқтисоди савдои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1962-1975), ҷонишини декани факултети банақшагирӣ-иқтисодӣ оид ба илм (1981-1985) шуда кор кардааст.Раиси Шӯрои занони донишгоҳ, аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии занон, вакили Анҷуманҳои ІХ (1974), Х (1976) ва ХI (1978) занони Тоҷикистон, муассис ва нахустин ректори Донишгоҳи халқии иқтисоди савдои Душанбе мебошад. Бештар аз 50 асари илмӣ таълиф намудааст.

Нина Назарова
Нина Семёновна Назарова
Таърихи таваллуд 14 январ 1919(1919-01-14)
Таърихи даргузашт 23 май 1994(1994-05-23) (75 сол)

Мукофот

вироиш

Нахустин дорандаи унвони фахрии «Иқтисодчии хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон» (1969), дорандаи нишони «Аълочии маорифи халқ» (1968), нишони мактаби олии СССР «Барои комёбиҳои беҳтарин» (1983),

Пайвандҳо

вироиш