Нирангистон (Китоб)

«Нирангистон» - номи китобест бо ҳудуди 3 200 вожаи авестоӣ ва 6 000 вожаи паҳлавӣ дар гузориш ва 1 800 вожаи авестоӣ ва 22 000 вожаи паҳлавӣ дар шарҳу тавзеҳи он. Ин китоб ва китоби дигаре ба номи «Аирпатистон» ё «Ҳирбадистон» (ки акнун дар ҷузви «Нирангистон» аст) бозмондаест аз яке аз наскҳои гумшудаи Авестои куҳан ба номи «Воспарем-наск» ё «Ҳуспарем-наск», ки ҳафтдаҳумин наск буда ва 64 карда доштааст. Дар ин китоб аз маросиму оинҳои гуногун ва одоби ниёишу сароиши Авесто ва хешкориҳои мубадиву чигунагии баргузории ҷашнҳои Гаҳанбор ва низ аз судра ва барсаму ҳезуму оби заур ва Ҳауму ҳован ва ҷуз он сухан ба миён омадааст. Ин китобро Суҳроб Ҷомаспҷӣ Булсара дар соли 1915 б.м. дар Бамбай мунташир кардааст.

Адабиёт

вироиш