1.Ноиби консул - Намояндаи доимӣ дар назди ташкилоти байналмилалӣ - кормандони хидмати дипломатӣ, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ кор мекунанд.[1]
2.Ноиб-консул - дар ҳуқуқи байналмилалӣ ба ду маънӣ истифода мешавад. Аввал ноиб-консул ифодакунандаи шахси мансабдори давлатӣ мебошад, ки дар шуъбаҳои ноиб-консулҳона роҳбариро ба зимма дорад. Баъдан ҳамчун рутба ба намояндаи консулӣ дахл дорад, ки он ифодакунандаи мақомаш дар муассисаи консулӣ мебошад. Тибқи моддаи 9 Конвенсияи Вена «Дар бораи муносибатҳои консулӣ» аз 24 апрели соли 1963 рутбаи консулӣ ба консули генералӣ, консул, ноиб-консул ва агенти консулӣ тақсим мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ноиб-консулҳона накушодааст ва дар қаламрави он низ ноиб-консулҳонаи кишвари хориҷӣ таъсис дода нашудааст.[2]
  1. Қонуни ҶТ Дар бораи хидмати дипломатӣТоҷикистон. Б.3. Мод. 10. Кормандони хидмати дипломатӣ ва вазифаҳои дипломатӣ. 11 июли 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 ноябри 2016.
  2. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 533


  • Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007, №6, мод.428;

соли 2008, №6, мод. 448

Нигаред низ

вироиш