Ноил Шерзода - шоири инқилобии тоҷик, ки солҳои бистум дар байни хонандагони тоҷик машҳур гардида буд.

Ноил Шерзода
Мухтор Шерзода
Таърихи таваллуд 1895(1895)
Зодгоҳ Ноҳияи Ӯротеппа
Таърихи даргузашт 1935(1935)
Пеша шоир

Зиндагинома вироиш

Мухтор Шерзода, ки тахаллуси Ноилро гирифтааст, соли 1895 дар ноҳияи Уротеппа таваллуд ёфта, соли 1935 вафот намудааст. Падараш мударрисӣ мекард. Ноил соли 1915 ба Бухоро рафта баъди револютсияи Октябр ба зодгоҳаш баргашт ва ба кори мактабу маориф машғул гардид.

Эҷодиёт вироиш

Шеърҳои аввалаашро «Аҷаб бепарда мебинам», «Мунаввар аз чароғи оразат дидам шабистонро», «Дидам маҳе, ки дидаи олам надидааст» дар мавзӯҳои анъанавии адабиёти тоҷик, ишқу ошиқӣ гуфтааст. Шоир баъдан мувофиқи тақозои ҳаёт ба мавзӯҳои дигар, аз қабили танқиди дину хурофот ва одатҳои нанговар «Нест бод Хурофот», «Дил хун шуд аз Хурофот», «Доги ҳиҷрон» ва ғайра даст мезанад. Сипас ба тарғиби мактабу маориф ва падидаҳои ҳаёти нав («Хитоб ба духтарони Шарқ», «Интихоби Шӯро», «Ба иди Октябр» ва ғайраҳо) рӯ меоварад. Баъзе шеърҳояш дар пайравии В. Маяковекий, А. Лоҳутӣ ва дигарон гуфта шудаанд. («Агар хоҳӣ равӣ бар истироҳат, бигир дафтарчаи аккредитив» ва ғайраҳо). Шерзода гӯё девоне доштааст, аммо нопайдост.

Мавзӯҳои ашъори Ноил ташвиқу тарғиби мактабу маориф, ситоиши баҳор, табиат, даъват ба ободии мамлакат, мубориза баҳри саводнокӣ, ишқи поки инсонӣ, сиёсӣ-иқтисодӣ ва ҳаҷвӣ буданд. Ноил соҳиби табъи баланди шоирӣ дошт. Дар ин ё он мавзӯъ бадоҳатан шеър мегуфт. Вай ноинсофӣ, виҷдонфурӯшӣ, бадандешии шахсро фош менамуд. Шоир поймолкунандаи ҳаққу ҳуқуқи занонро зери тозиёнаи танқид мегирифт. Ноил умри кӯтоҳ дида бошад ҳам, аз худаш мероси бой боқӣ гузоштааст. Шоир девоне доштааст, аммо он дастраст нагардидааст. Намунаҳои ашъораш аз рӯзномаю маҷалла, дастнавис ва ҳошияи китобҳо ҷамъ оварда шудаанд.

МАОРИФ
Гул гашта хиҷил аз гули рухсори маориф,
Булбул шуда дилбастаи гулзори маориф.
Осон ба каф ин гавҳари якто нарасад ҳеч,
Соед рухи хеш ба девори маориф.
Нодон ба ҷаҳолаткадаи хеш фурӯ монд,
Доно биравад аз паи асрори маориф.
Бар нисбати ҳиммат ҳама кас мева бичинад,
Аз нахли самаровару пурбори маориф.
Ҳушу хираду маърифату илм диҳад бар,
Ҳар дона, ки бигрифт зи анбори маориф.
Дар роҳи маориф бикунад қуввати худ сарф
Даъват кунад он кас, ки манам ёри маориф.
НАРГИСИ ШАҲЛО
Мекунад махмури мино наргиси шаҳло маро,
Мекашад аз кунҷи хилватхона савдоҳо маро.
Сарв борс гар ба гулзори назокат сар занад,
Суръате дорад ба дил фикри қади боло маро.
То раҳо созӣ паи қатлам камони ҷонситон,
Тири мижгонат фитонад бар замин аз по маро
Қисмати васлат муяссар нест ҷуз ҳаҷру гудоз,
Қатраҳои ашки хунин мешавад дарё маро.
Ёди айёми ҷудоиро наёбам чорае,
Як даме биншин, набошад тоқати фардо маро.
Муддате шуд баҳри васфи даргаҳат сар мезанам,
Муждаи хубе нашуд з-он лаъли шаккархо маро.
Аз тагофул чашми ҷодуят кунад тороҷи дил,
Гар табассум ғунчаи лаълат кунад имо маро.
Нуктае чун гул ба унвони ғазал созам, раҳам
Накҳате, Ноил, шавад з-он гулруҳи барно маро.

Эзоҳ вироиш

Баёзи адибони Истаравшан - Душанбе: "Эҷод", 2009.- 288 саҳ.