Номзад ба мансаби Президенти ҶТ
Номзад ба мансаби Президенти ҶТ - шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш аз 35 кам ва аз 65 боло нест, забони давлатиро (яъне тоҷикиро) медонад, камаш 10 соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, дорои ҳуқуқи интихобот мебошад, аз тарафи панҷ фоизи шумораи шаҳрвандони ҶТ, ки ҳуқуқи интихобот доранд, бо роҳи ҷамъоварии имзои ҳар яки онҳо дастгирӣ ёфтааст ва аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ба қайд гирифта шудааст. Шумораи шаҳрвандони ҶТ, ки дар ҳар маъракаи интихоботн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ фоизро ташкил менамоянд, бо қарори КМИ муқаррар карда мешавад. Талаботе, ки дар назди номзад ба мансаби Президенти ҶТ гузошта мешаванд, дар Конститутсияи ҶТ с.1994 (моддаи 65) ва Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 1994 бо тағйироту иловаҳои соли 1999 (моддаи 1) муқаррар шудаанд. Номзад ба мансаби Президенти ҶТ баъди ба қайд гирифта шудан метавонад барои иштирок дар маъракаи пешазинтихоботӣ аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматӣ бо ҳифзи музди меҳнати миёнаи ҷойи кор аз ҳисоби маблағе, ки барои гузаронидани интихобот ҷудо карда мешавад, озод карда шаванд. Онҳо ба истифодаи бепули тамоми намудҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳр ё байнишаҳрӣ дар қаламрави ҶТ ҳуқуқ доранд (моддаи 27 Қонуни конститутсионӣ).[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 351