Нонпалав
Нонпалов — як навъ таом.
Тарзи омода сохтан
вироишБарои тайёр кардани нонпалов гӯштро ба шакли кубчаҳои вазнашон 10–15-граммӣ пора карда, дар равғани рустанӣ бо бехпиёзи реза 5–10 дақиқа бирён мекунанд. Баъд аз болояш об рехта, нахӯди пешакӣ дар об таркарда, зира ва мурчро андохта, 15–20 дақиқа дам мепартоянд. Сипас нонро ба дарозии 6–7 см ва ғафсии 1,5–2 см бурида, дар тафдон хушк мекунанд. Нони тайёршударо ба зирбак андохта, ба болояш каме об мерезанд ва сарпӯши дегро пӯшида, то тайёр шудан мепазанд. Нонро ба табақ гирифта, ба рӯяш зирбакро мегузорад ва кабудӣ мепошанд.
Маҳсулот
вироишБарои тайёр кардани нонпалов 100 г гӯшти гов, 40 г равғани рустанӣ, 50 г бехпиёз, 100 г сабзӣ, 200 г нон, 10 г кабудӣ, 10 г нахӯд, 1 г зира лозим аст.
Ҳамчунин нигаред
вироишНавъе аз таоми маъмулӣ, бо истифодаи нонпораҳои дастархон тайёр мешавад. Дар равғани дег гўшту пиёз, картошка ва сабзиро андохта, бирён мекунанд ва каме об меандозанд. Сипас нонпораҳоро ба болои маҳсулоти пухташудаи дег мегузоранд ва сарпўши дегро ниҳода, буғ медиҳанд. Ба болои нонпалав чакка ва гашничи резашударо ҳамроҳ мекунанд. Дар водии Ҳисор фаъол аст
Адабиёт
вироиш- Ершов Н. Пища // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.2, – Душанбе, 1970.
- Энсиклопедияи мухтасари рўзгордорӣ. – Душанбе 1988.
- Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015 [1]
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 162