Носирҷон Азизов — мутриб (ғижжакӣ), донандаи ҳирфаии мусиқии тоҷик, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Ҷумҳури Тоҷикистон (1998), барандаи ҷоизаи аввалин озмуни мутрибони ҷумҳурӣ (1989).

Носирҷон Азизов
Носирҷон Азизов
Таърихи таваллуд 1939(1939)
Зодгоҳ ноҳияи Чуст Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Пеша(ҳо) мутриб

Зиндагинома

вироиш

Носирҷон Азизов соли 1939 дар деҳаи Варзик, ноҳияи Чусти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи омӯзишгоҳи мусиқии Намангон (шуъбаи созҳои миллӣ, 1961) буда ва фаъолияти иҷроияшро дар дастаи мутрибони Театри академии драмави ба номи Лоҳутӣ (1961-63) ба сифати мутриб оғоз намуда, сипас дар дастаҳои ҳунарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1963—1977, 2002) идома додааст. Носирҷон Азизов минбаъд ба сифати мутриб дар дастаи мақомхонони Кумитаи давлатии радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1977—2002) хидмат намуда ва дар сабти осори мусиқии тоҷик барои хазинаи тилоӣ саҳми ичроӣ ба харҷ додааст. Носирҷон Азизов аз соли 2002 то имрӯз ба сифвти омӯзгор дар факултаи мусиқии тоҷик (шуъбаи мусиқии суннатӣ) Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ба ҳунаромӯзони ҷавон асос ва ниҳодҳои асили созу овозро меомӯзонад.

Носирҷон Азизов чун иҷрогар ва ҳифзкунандаи беҳтарин арзиш ва ниҳодҳои ҳунари иҷроии устодаю мардумӣ низ дар байни мутрибони кишвар эътибори хоса дошта ва дар иҷрои навоҳои мардумию устодонаи «Қаландарӣ», «Гуъузорам», «Эшбоӣ», «Насри Сегоҳ», «Қӯшчинор» ва ғ. маҳорати хоси иҷроӣ ба арҷ додааст. Зимни ин ӯ мусаннифи чандин навоҳо буда, оҳангҳои «Нолаи дил», «Шӯхшанг» дар байни сомеъон эътибори шоиста касб кардаанд. Носирҷон Азизов иштирокдори чандин ҷашнвораҳои мусиқӣ буда ва дар ҳайатҳои эҷодии дастаҳои ҳунарии тоҷик ба чандин кишварҳои ҷаҳон сафарҳо (Сурия-1977, Ироқ-1977, Эрон-1978) карда, санъати рангомези созии тоҷиконро бо тозакориҳои навозандагӣ муаррифӣ намудааст.

Носирҷон Азизов иштирокдори Симпозиумҳои байналмилалии мусиқӣ (Самарқанд, 1983, 1987), Душанбе (2007) ва чандин озмунҳои ҷумҳуриявии мутрибон буда, барои маҳорати баланди иҷроӣ, тарғиби суннатҳои асили мероси мусиқии тоҷикон бо ифтихорномаҳо мушарраф шудааст.[1]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 25 ISBN 978-99947-49-13-3