Ноҳияи Келес — ноҳия дар вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон аст.

Ноҳияи Келес
Нишон
Нишон
Кишвар  Қазоқистон
Маркази маъмурӣ Абай
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 17 январ 1928

Таърих

вироиш

Дар вилоят ёдгориҳои маданияти Келес воқеъ гардидаанд.

Ноҳияи Келес 17 январи 1928 аз ҳудуди волостҳои Багарная ва як қисми волостҳои Ақжари уезди Тошқазоқи округи Сирдарёи РСС Қазоқистон ташкил карда шудааст.

Дар солҳои 1930—1932 ноҳияи Келес бевосита тобеи Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Қазоқистон буд.

10 марти соли 1932 вилояти Қазоистони Ҷанубӣ дар ҳайати ҶМШСҚ ташкил карда шуд ва ноҳия ба ҳайати он дохил шуд. Аз соли 1936 то соли 1991 вилоят дар ҳайати ҶШС Қазоқистон буд.

Бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Қазоқистон аз 2 январи соли 1963 ноҳияи Келес барҳам дода, қаламрави он ба ноҳияи Сари-Ағач дода шуд.

Бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Қазоқистон аз 13 январи соли 1969 ноҳияи Келес аз нав ташкил карда шуд.

Бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Қазоқистон аз 9 июли соли 1988 ноҳияи Келес аз нав ба ноҳияи Сариағоч дода шуд.

Бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Қазоқистон аз 13 октябри соли 1989 ноҳияи Келес бори сеюм ташкил карда, маркази ноҳия дар деҳаи Абай воқеъ гардид.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон аз 24 апрели соли 1997 ноҳияи Келеси вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ барҳам дода шуда, ҳудуди он ба ноҳияи Сариағаш бо маркази маъмурӣ дар шаҳри Сариағаш дода шуд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон аз 5 июни соли 2018 ноҳияи Келес бори дигар (дар таърихи худ чорум бор) аз ноҳияи Сариағаш ба як воҳиди алоҳидаи маъмурӣ дар ҳайати вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ ҷудо карда шуд [1], ки дар навбати худ 19 июни соли 2018 дар вилояти Туркистон ном гирифт. Шаҳраки Абай маркази маъмурӣ гардид.

Аҳолӣ

вироиш

Таркиби миллӣ дар ибтидои соли 2019:

  • қазоқҳо — 132043 нафар (92,79 %)
  • узбекҳо — 7138 нафар (5.02 %)
  • туркҳо — 850 нафар (0,60 %)
  • русҳо — 321 нафар (0,23 %)
  • уйғурҳо — 401 нафар (0,28 %)
  • курдҳо — 260 нафар (0,18 %)
  • тоторҳо — 222 нафар (0,16 %)
  • озарбойҷонҳо — 194 нафар (0,14 %)
  • дигарон — 867 нафар (0,61 %)
  • чамъ — 142296 нафар. (100.00 %)

Ҳаким

вироиш
  • Эсбоев Акментай Усенович (аз 07.2018)

Тақсимоти маъмурӣ

вироиш

Ба ҳайати ноҳия 12 округи деҳот дохил мешаванд:

  1. Абай
  2. Оқтеппа
  3. Алпамис-Ботир
  4. Бирлесу
  5. Бирлик
  6. Бозай
  7. Ҷомбул
  8. Ҷузимдик
  9. Қошқарота
  10. Ошақтӣ
  11. Ушкӣ