Ноҳияи Тӯлебӣ

(Тағйири масир аз Ноҳияи Толебӣ)

Ноҳияи Тӯлебӣ (ноҳияи Толебӣ) — ноҳияест дар вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон, дар қисми ҷанубу шарқии вилоят ҷойгир аст. Маркази маъмурӣ шаҳри Лангар мебошад. Аҳолӣ — 117 765 нафар. Масоҳати ноҳия — 3150 км².

Ноҳияи Тӯлебӣ
русӣ: Толебийский район
Нишон
Нишон
Кишвар  Қазоқистон
Маркази маъмурӣ Лангар (шаҳр)
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 1 феврал 1932
Вақти минтақавӣ UTC+6:00
Ноҳияи Тӯлебӣ дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ноҳия 1 феврали соли 1932 аз як қисми ноҳияи барҳамхӯрдашудаи Чимкент ҳамчун ноҳияи Бодоми вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ ташкил ёфта, маркази ноҳия шаҳри Чимкент буд. 27 феврали соли 1932 номи ноҳияи Бодом ба Лангар (Ленгер) тағйир шуд.

Аз 21 май соли 1932 маркази ноҳияи Лангар деҳаи Беловодское, аз октябри соли 1935 шаҳраки коргарии Ленгер-Угол буд. 1 октябри соли 1945 ба шаҳраки коргарии Ленгер-угол номи Ленгер дода шуд.

1 октябри соли 1945 ноҳияи Лангар ба ноҳияи Георгиев табдил дода шуд, деҳаи Георгиевка маркази он гардид. Дар мохи июни соли 1956 марказ ба шаҳри Лангар кучонда шуд.

11 январи соли 1963 ноҳияи Георгиев барҳам дода, қаламрави он ба ноҳияи Ленини вилояти Чимкент дода шуд.

2 январи соли 1967 ноҳияи Лангар бо марказаш дар шаҳри Лангар ташкил карда шуд.

Дар соли 1991 ноҳияи Лангар ба шарафи Толе бӣ, бийи (беки) машҳури Ҷузи Бузург, яке аз муаллифони кодекси қонунҳои Жети Жарғии хонии Қазоқистон ба ноҳияи Толебӣ (Тӯлебӣ) табдил дода шуд.

Номи аксари маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи бо қарори комиссияи ономастикаи ноҳия дар солҳои истиқлолият иваз карда шуд.

Аҳолӣ

вироиш

Таркиби миллӣ (дар аввали соли 2019):

Тақсимоти маъмурӣ

вироиш
  1. Акжарс
  2. Аккум
  3. Алатау
  4. Биринши Мамир
  5. Зертас
  6. Жогарги Аксу
  7. Кемекалган
  8. Коксай
  9. Киелитас
  10. Казгурт
  11. Каратобе
  12. Каскасуй
  13. Когали
  14. Тасарик

Раҳбарон

вироиш
  1. ?
  2. Батирбек Кошербайулӣ Кошербай
  3. Ауелхан Елтайулӣ Тургимбеков
  4. Парманов Бухарбай Рискулулӣ (08.2016—07.2018)
  5. Омарбеков Бауиржан Бакитулӣ (07.2018—02.2021)
  6. Телгараев Толеген Туртаевич (аз 02.2021)

Пайвандҳо

вироиш