Нуралӣ Айюбӣ
Нуралӣ Айюбӣ — шоир, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1993)
Нуралӣ Айюбӣ | |
Таърихи таваллуд: | 22 апрел 1933 (91 сол) |
Зодгоҳ: | Кӯлоб ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | нависанда, шоир |
Самт: | реализм |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Зиндагинома
вироишНуралӣ Айюбӣ 22 апрели соли 1933 дар шаҳри Кӯлоб ба ҷаҳон омадааст. Баъди соҳиби шаҳодатномаи хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш гардидан, вориди факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб шуда, баъди хатмаш (1958) ба кори таълиму тарбияи насли наврас пардохтааст. Солҳои охир дар кафедраи забони тоҷикии донишкадаи мазкур ба ҳайси саромӯзгор фаъолият доштааст. Аз овони мактабхонӣ ба мусиқию шеъргӯӣ рағбат пайдо карда, дар байни мардум овозадор гардидааст.
Эҷодиёт
вироишМуаллифи маҷмӯаҳои манзуму мансури «Рангинкамон», «Меҳри Хатлон», «Арзи сипос», «Панҷаи Хуршед», «Эҳдо», «Эҳё», «Маҳзар», «Башорат», «Мерос», «Субот», «Девони ашъор» ва ғ. мебошад. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ шудааст.[1]
Сарчашма
вироиш- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 31 ISBN 978-99947-2-379-9