Нуралӣ Раҳимов
Ин мақола ниёзманди викисозӣ аст. |
Нуралӣ Раҳимов (тав. 11.8.1953, деҳаи Лолагӣ, ноҳияи Ҳисор-ваф. 27.4.1994, ҳамон ҷо), варзишгар. Р. бори аввал соли 1977 дар мусобиқаи умумиитифоқӣ дар намуди варзишии гӯштини самбо дар вазни 71 кг, ки байни варзишгарони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Россия иштирок карда, сазовори ҷойи намоён гардида буд. С. 1978 дар ҳайати тими яккачини ҶШС Тоҷикистон дар мусобиқаи умумиитифоқӣ дар ш. Мински ҶШС Белорусия иштирок намуда, сазовори унвони Устоди варзиши ИҶШС гардид. Р. чемпиони мутлақи Осиёи Миёна ва Тоҷикистон дар намуди варзиши гӯштини самбо гардидааст. Р. шогирди Устоди варзиши байналхалқӣ оид ба гуштин Сайидмуъмин Раҳимов мебошад.[1]
Пайнавиштҳо
вироиш- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 464