Нурафшон (деҳа, н. Ҳисор)
Нурафшон (собиқ Шӯроби Поён) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сомони ноҳияи Ҳисор. Аз Нурафшон то маркази ҷамоат 7 км, то маркази ноҳия 7 км. Аҳолиаш 1615 нафар (2017)[1], тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ҳисор |
Ҷамоат | Деҳоти Сомон |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1615 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3139 |
Нишонаи почта | 735020 |
Таърих
вироишДеҳа солҳои 1928—1932 аз тарафи муҳоҷирони аз деҳаи Тула (Боғистон), дараи Зиддӣ, минтақаи Қаротегин ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон омада бунёд шудааст. Оби ҷӯйе, ки аз миёнаи Нурафшон мегузарад, шӯр аст. Аввал Нурафшон «Кӯр» ном доштааст. Баъд Шӯроб ном гирифтааст[2].
Иқтисод
вироишДар деҳа мактаби миёна, масҷиди панҷвақта, бунгоҳи тиббӣ ва 3 мағозаю дӯкон фаъолият доранд[2].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ 2.0 2.1 Донишномаи Ҳисор. — Д.: «Ирфон», 2015, — С. 428