Нуриддин Набиевич Сангов (тав. 4.12.1957, ноҳияи Варзоб), педагог, номзади илмҳои педагогӣ (1994), дотсент (1995).

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1975–1978 дар Омӯзишгоҳи олии лётчики шаҳри Актюбинск ва солҳои 1978–1981 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1981–1986 ассистенти кафедраи фанҳои умумитехникии факултети индустриалӣ-омузгории донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1986–1989 аспиранти Академияи илмҳои педагогии ИҶШС дар шаҳри Москва буд. Солҳои 1989–1994 ба ҳайси муаллими калони кафедраи фанҳои умумитехникӣ ва ҷонишини декани факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ, 1995–2000 дотсент ва мудири кафедраи роҳнамои касбии факултети муҳандисӣ-омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев кор кардааст. Аз соли 2000 то инҷониб мудири кафедраи соҳибкорӣ ва иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Инчунин аз соли 2009 дар вазифаи декани факултети технологияи донишгоҳи мазкур кор мекунад. Муаллифи 6 китоби дарсӣ барои донишҷӯён мебошад. Ӯ дар масъалаҳои ҳамоҳангсозии тайёрии меҳнатӣ ва касбии хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон корҳои тадқиқотӣ бурдааст. Дар давоми фаъолияти худ дар донишгоҳ барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ва олимони ҷавон саҳми арзандаи худро гузоштааст. Бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2000) сарфароз карда шудааст.

Тракторы и сельскохозяйственные машины. Ремонт и эксплуатация машинотракторного парка. Методические указания, Д., 1986; Методические рекомендации по обучению учащихся предмета «Тракторы и автомобили», Д., 1993; Индустриально- педагогическая психология. Часть 1. (Пособия для студентов), Д., 1997; Индустриально-педагогическая психология. Часть 2. (Пособия для студентов), Д., ДГПУ, 1997; Вопросы профессиональной подготовки молодёжи (Пособия для студентов), Д., 1997; Политехнические основы трудовой и профессиональной технической подготовки молодёжи республики Таджикистан, Д.,1997; Бурриши масолеҳ, дастгоҳҳо, асбобҳо (дастури таълимӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2009; Спецдидактика (китоби дарсӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2010.

Пайвандҳо

вироиш