Нуъмонҷон Тоштемиров

Нуъмонҷон Тоштемиров (29 августи 1932, деҳаи Оққурғон, ноҳияи Ленин — 17 феврали 2012, Душанбе) — ҳунарпешаи театр ва овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1969).

Нуъмонҷон Тоштемиров
Таърихи таваллуд 29 август 1932(1932-08-29)
Зодгоҳ деҳаи Оққурғон, ноҳияи Ленин
Таърихи даргузашт 17 феврал 2012(2012-02-17) (79 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1969)

Зиндагинома вироиш

Солҳои 1951—1960 сарояндаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон, 1960—1962 роҳбари бадеии дастаи ҳаваскорони санъати Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба маълумоти касбҳои техникӣ, 1962—1982 узви дастаи мақомхонони Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ буд. Дар тарғибу ташвиқи мероси гаронмояи мусиқӣ «Шашмақом» заҳмати фаровон ба харҷ дода, аз фаъолтарин иштирокдорон дар сабти дастҷамъии он барои хазинаи тиллоии Радиои тоҷик ба шумор меравад. Ҳамзамон шохаҳои муҳими овозии мақомҳоро бо сабки хоси иҷроӣ ба субут расонда, «Орази Наво», «Савти Наво», «Дугоҳ», «Тулқун», «Қӯшчинор», «Савти Мискин», «Сегоҳи ду», «Савти Муноҷот» барин таронаҳоро ба савғо овардааст. Дар ҳайати дастаҳои ҳунарӣ ба бисёр давлатҳои хориҷӣ сафар намуда, бо ҳузураш дар ҷашнвораҳои мусиқӣ дили ҳаводорони санъати асилро шод гардондааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.