Нӯҳ ибни Наср (форсӣ: نوح بن نصر‎), Нуҳи I (дарг. августи 954) — амири сулолаи Сомониён (943—954), писари Насри II ва набераи Аҳмад ибни Исмоил.

Нӯҳи I
Даргузашт августи 954
Дудмон Сомониён
Падар Насри II ибни Аҳмад
Фарзандон Абдумалики I ибни Нӯҳ ва Мансури I ибни Нӯҳ
Эътиқод ислом
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳукмронӣ вироиш

Нӯҳ ибни Насри II салтанати худро бо ҷазо додани карматиҳо-исмоилиён оғоз кард. Аз ҷумла Нахшабӣ ва бисёре аз ҳамкешони ӯ ба қатл маҳкум шуданд. Дар китоби «Осор ул-вузаро» — и Сайфиддинҳоҷӣ нисбати Абулфазли Балъамӣ равшан аст, ки ӯ бо фармони амир Нӯҳи Сомонӣ қатл шудааст.

Ба андешаи муаррихи тоҷик А. Мухторов "ин шахс ҳамзамон ва парастори Рӯдакӣ буд. Шояд зада кӯр карда аз дарбор рондани Рӯдакӣ ва қатли Абулфазли Балъамӣ бо ҳам алақамандӣ дошта бошад? Яъне бо сабабҳои якхела (дар иштирок ба ҳаракати карматиҳо ё худ бо сабаби дигар) ин ду марди бузург ҷазо дида бошанд.[1]

Рӯҳониён зидди амир сӯиқасд ташкил карданд. Вале писари амири Насри II, Нӯҳ аз ин сӯиқасд хабардор шуд. Сӯиқасдчиён ҷазои сахт гирифтанд. Насри II баъди ғалаба аз болои душманони худ эълон кард, ки аз тахти подшоҳӣ даст кашида писараш Нӯҳро ба ҷойи таъйин мекунад. Нӯҳ ибни Насри II баъди расман ба тахт нишастан худ Нахшабиро ба дор кашид ва қатли оми карматиҳо-исмоилиён дар сар то сари мамлакат оғоз ёфт.[2]

Дар оғози аморати Нӯҳ ибни Насри II (соли 944) ҳамчунин исёне Хоразмро фаро гирифт, ки аз сӯи туркҳои ҳудуди Туркистон ҳимоят мегашт, вале дарбори сомонӣ ба он муваффақ шуд, ки ин ошӯбро бо роҳи осоишта фурӯ нишонад. Нӯҳ нисбат ба гузаштагон ба умури лашкар аҳамияти бештар дод, ки ин сабаби зиёд гаштани молиёт ва норозигии мардум шуд. Тадбири дигари Нӯҳ он буд, ки нақши рӯҳониёни иртиҷоиро боло бурд ва ин ду унсур (лашкариён ва рӯҳониёни иртиҷоӣ) сабабгори заволи тадриҷии Сомониён шуданд.[2]

Афзудани харҷи артиш даргоҳи Нӯҳро бар он дошт, ки ҳаҷми молиёти солонаро дучанд кунад ва ҳатто пешакӣ онро аз мардумон талаб кунад. Ин ситаму тааддӣ боиси сар задани нооромиҳои дигар гардид. Амаки Нӯҳ — Иброҳим ибни Аҳмад ва бародарони Нӯҳ Абӯҷаъфар Муҳаммад ва Абу Муҳаммад Аҳмад аз норозигиҳо истифода карда, даст ба шӯриш заданд, вале шикаст хӯрда, ба зиндон андохта шуданд ва ба чашмонашон мил кашида шуд.[3]

Эзоҳ вироиш

  1. Аҳрор Мухторов. Амирон ва вазирони Сомонӣ. — Душанбе, 1997. — с. 63-64.
  2. 2.0 2.1 Аҳрор Мухторов. Амирон ва вазирони Сомонӣ. — Душанбе, 1997. — С. 8.
  3. Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011. — С. 106.