Обид Ҳомидов (9 майи 1926, Бухоро — 24 октябри 2019, Душанбе) — таҳиякунанда, нахустин сарвари Телевизиони Тоҷикистон.

Обид Ҳомидов

Зиндагинома

вироиш

Обид Ҳомидов 9 майи соли 1926 дар Бухоро ба дунё омадааст. Солҳои 30-юм оилаи Ҳомидовҳо ба Душанбе кӯчида, Обид дар ин ҷо мактаби миёнаро хатм кардааст ва муддате ба рӯзноманигорӣ машғул шудааст. Аввали соли 1945 ба аскарӣ рафта, пас аз панҷ сол ба хона бармегардад.

Пас аз хатми донишкадаи омӯзгорӣ Обид Ҳомидов дар соҳаи синамо ба фаъолият пардохта, баъд аз чанде нозири шуъбаи таблиғоти Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон таъин мешавад.

Соли 1959 Обид Ҳомидов аввалин сарвари телевизиони Тоҷикистон таъин шуда, солҳои 60-ум ӯро ба кор дар киностудияи «Тоҷикфилм» мегузаронанд. Дар ин ҷо бо мусоидати ӯ филми «Парчами Кова» (коргардон Борис Кимёгаров), филми аввалин аз рӯйи асари Фирдавсӣ «Шоҳнома», филми таърихии «Ситорае дар тирашаб» (коргардон Абдусалом Раҳимов) бахшида ба Аҳмади Дониш ва дигар филмҳо наворбардорӣ шуданд. Солҳои 70-ум Обид Ҳомидов ба Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ роҳбарӣ кардааст.

Обид Ҳомидов 3 писар дорад, ки пешаи падарро интихоб кардаанд. Яке аз онҳо Оқил Ҳомидов соли 1984 Донишкадаи давлатии умумиттифоқии кинематография (ВГИК)-ро дар Маскав аз рӯйи ихтисоси наворбардор-басаҳнагузорандаи филмҳои ҳунарӣ ва мустанад хатм кард. Аз соли 1994 Оқил Ҳомидов дар Лаҳистон зиндагӣ дошта, ба киностудияи худаш роҳбарӣ мекунад.

Даргузашт

вироиш

Обид Ҳомидов 24 октябри соли 2019 даргузашт[1].

  1. Мусои Бобоҳоҷӣ. Даргузашти аввалин сарвари ТВ Тоҷикистон ва собиқ роҳбари “Тоҷикфилм”. asiaplustj.info. ASIA-Plus (25 октябри 2019). 8 Январ 2024 санҷида шуд.