Обҳои Тоҷикистон
Обҳои дохилии Тоҷикистон — тамоми пиряхҳо, шабакаи дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо, обҳои зеризаминӣ, чашмаҳоеро, ки дар ҳудуди Тоҷикистон мавҷуданд, дар бар мегирад[1]. Онҳо дар табиат алоҳида вуҷуд надоранд ва дар робита бо дигар унсурҳо омӯхта мешаванд.
Пиряхҳо
вироишВобаста ба мавқеи орографӣ (кӯҳшиносӣ) ва иқлим Тоҷикистон дар ҳудуди Осиёи Марказӣ яке аз бузургтарин минтақаҳои яхбандии замони муосир ба ҳисоб меравад. Пиряхҳои Тоҷикистон муҳимтарин манбаи обҳои нӯшокии Осиёи Марказӣ мебошанд. Омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон бо номи олимону сайёҳони рус А. П. Федченко, В. Ф. Ошанин, И. В. Мушкетов ва дигарон иртибот дорад. Таҳқиқоти васеъ ва доманадори пиряхҳо ва тамоми сарватҳои табиии Тоҷикистон ба номи экспедитсияи Тоҷику Помир (солҳои 1928–1932) бевосита пайваст мебошад.
Дар ҳудуди Тоҷикистон пиряхҳо дар мавзеи кӯҳҳои баланд, дар он ҷойҳое, ки ҳарорати ҳаво доимо аз 0° паст аст, пайдо шудаанд. Аз сабаби он, ки 93%-и ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо ишғол кардаанд ва қариб 50%-и онҳо зиёда аз 3 000 м баландӣ доранд, кӯҳҳои Тоҷикистон яке аз калонтарин марказҳои яхбандии доимӣ мебошанд. Ҳоло масоҳати умумии пиряхҳои Осиёи Миёна 1 7000–1 8000 км² буда, 60%-и он (зиёда аз 10 ҳазор пирях) ба Тоҷикистон рост меоянд. Марказҳои асосии яхбандии ҳудуди Тоҷикистон – силсилакӯҳҳои Помир, Ҳисору Олой, Туркистону Зарафшон мебошанд[2].
Рӯдҳо
вироишБузургтарин дарёи Осиёи Марказӣ – Ому (1 415 км) бо шохобҳои худ аз сарзамини Тоҷикистон ҷорӣ мешавад. Ҳудуди Тоҷикистонро шабакаи бо ҳам наздик дарёҳо фаро гирифтааст, ки онҳо сароб ва шохоби дарёҳои Ому, Сир ва Зарафшон буда, ба ҳавзаи баҳри Арал дохил мешаванд. Ҳамчунин, дарёҳои Вахш (524 км), Кофарниҳон, Панҷ, Варзоб, Элок, Искандар, Ёхсу, Булункӯл, Муғсу, Сурхоб, Хингоб, Камароб, Сорбоғ ва ғ. манбаи оби ошомиданӣ ва кишоварзии кишвар ба шумор мераванд.
Масоҳати заминҳое, ки аз ин дарёҳо об мегиранд, тақрибан 4 74000 км²-ро ташкил медиҳанд. Ҳаҷми миёнаи солонаи оби ҷорӣ дар ин ҳавзаҳо ҷоришаванда, ба 117,0 км³ баробар ё худ 90%-и оберо, ки аз кӯҳҳо ба ҳамвории Осиёи Марказӣ ҷорӣ мешавад, дар бар мегирад. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, ҳавзаи Амударё дар Осиёи Марказӣ бузургтарин ба ҳисоб рафта, он дар ҷануб нишебии низоми кӯҳҳои Ҳиндукуш, дар шарқ силсилакӯҳи Сарикӯл, дар шимол силсилакӯҳҳои Олой, Туркистон ва Нурато (Ӯзбекистон)-ро убур мекунад. Масоҳати захира кардани об тақрибан 465 000 км² буда, аз он 225 100 км² бо ҳамроҳии ҳавзаи Зарафшон ва Қашқадарё (дар ҳудуди Ӯзбекистон) ба минтақаи кӯҳҳои ҳавза рост меояд. Қисми асосии оби ин ҳавза дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад.
Вобаста ба баландии маҳал ва дар ҳудуди ҳавза боридани намуди гуногуни бориш, ташаккули пиряхҳо, барфҳои доимию мавсимӣ, обҳои зеризаминӣ ва чашмаҳо ғизогирии дарёҳо гуногун аст. Маҳз, ҳамин манбаъҳоро ба эътибор гирифта, коршиносон чор намуди ғизогирии дарёҳои Тоҷикистонро (пиряхию барфӣ, барфию пиряхӣ, барфӣ ва барфию боронӣ) муайян кардаанд. Дарёҳои Вахш, Хингоб, Ғунд, Шоҳдара, Бартанг, Язгулом, Ванҷ, Зарафшон, Фондарё, Яғноб, Искандар, Киштӯд, Моғиён ғизоро аз пиряху барфҳои баландкӯҳ мегиранд ва дар онҳо давоми сол ду бор (март–май, июл–август) обхезӣ мешавад. Агар ин дарёҳо дар баҳор аз ҳисоби об шудани барфҳои зимистон пуроб шаванд, тобистон дар натиҷаи обшавии барфҳои қабатнок ва пиряхҳо сероб мегарданд. Ба дарёҳои ғизогириашон барфию пиряхӣ Кофарниҳон, Сурхоб, Варзоб, Ёхсу, Хонақоҳ, Қаротоғ, Ширкент, Сангикар дохил мешаванд. Ин дарёҳо моҳҳои май–июл аз ҳисоби обшавии забонаи пирях ва барфҳои аз хатти барфӣ поиномада сероб мешаванд. Ғизогирии барфӣ ба Қизилсуи Ҷанубӣ, Ёхсу, баъзе шохобҳои хурди Вахш, Кофарниҳон, Қаротоғ ва Варзоб хос аст. Онҳо моҳҳои апрелу май аз ҳисоби барфи зимистон сероб мешаванд. Шохобҳои қисми миёна ва поиноби Варзоб, Кофарниҳон, Элок, Ёхсу, Лучоб ба ғизогирии барфию боронӣ дохил мешаванд. Баробари об шудани барфҳои мавсимӣ ва ба охир расидани боронгарӣ оби ин дарёҳо ниҳоят кам мешавад. Ҷуғрофиёдони Шӯравӣ И. С. Шукин ба ғайр аз намудҳои ғизогирии мазкур ду намуди дигари ғизогирии дарёҳои Тоҷикистонро муайян кардааст: ғизогирии боронӣ ва обҳои зеризаминӣ. Ба ин намудҳои ғизогирӣ дарёчаҳои хурди ҳавзаи дарёи Сир мансубанд.
Дарёҳои Аму, Панҷ, Вахш, Кофарниҳон бузургтарин ва дарозтарин дарёҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд.
Ому (Ҷайҳун), бузургтарин дарё дар Осиёи Марказӣ буда, дар болообаш Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро аз Афғонистон ҷудо мекунад. Дарёҳои Вахш, Кофарниҳон, Сурхон, Кӯкча ва Қундуз ба он мерезанд. Дарозиаш 1 415 км, аз саргаҳи Панҷ 2 540 км. Ому берун аз марзи Тоҷикистон, аз нишебии кӯҳҳои Ҳиндукуш, аз пиряхи Вревский об мегирад. Дар саргаҳаш Вахондарё ном дорад. Баъди бо дарёи Помир ҳамроҳ шудан номи Панҷро мегирад. Баробари ба ҳам пайваст шудани Панҷ ва Вахш дарёи Омуро ташкил карда, 85 км-и он аз ҳудуди Тоҷикистон ҷорӣ мешавад. Онро ҳамчун нақлиёти дарёӣ низ истифода мебаранд, аз Тирмиз то поиноби дарё киштигард мебошад. Дар ҳудуди Тоҷикистон киштӣ то Панҷи Поён ҳаракат карда метавонад. Қисми киштигарди дарё (бо Панҷ) бештар аз 1 400 км-ро ташкил медиҳад. Ба воситаи Аму маҳсулоти саноати нафт, чӯбу тахта, нуриҳои минералӣ, пахта ва ғ. кашонда мешавад.
Панҷ яке аз дарёҳои дарозтарини (921 км) Тоҷикистон буда, тезҷараёнтарин дарё дар дунё ба ҳисоб меравад. Панҷ дарёи сарҳаддӣ буда, саргаҳи он аз андароби дарёҳои Помир (аз рост) ва Вахондарё (аз чап) ибтидо мегирад. Манбааш пиряху барф. То давраи ҶБВ сарҳадди Афғонистон ва Тоҷикистон аз соҳили чапи дарёҳои Панҷ ва Ому мегузашт. Сипас, хатти сарҳадди ду мамлакатро аз байни дарё муайян намуданд. Ҳоло оби дарёро ҳам Тоҷикистон ва ҳам Афғонистон истифода мебаранд. Ҳавзаи обгирии дарёи Панҷ 114 000 км² мебошад. Дар қисми болообаш то шаҳраки Ишкошим паҳнои маҷрои дарё 1–5 км-ро ташкил медиҳад. Ҳисоби миёнаи сарфи оби дарёи Панҷ 1 100 км³/с, ҳаҷми солонаи он 35 км³-ро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти бисёрсола, маҷрои аз ҳама зиёди сарфи солона 4 000 км³/с ба моҳи июл ва сарфи ками солона ба моҳи феврал рост меояд, ки ҳамагӣ 281 км³/с-ро ташкил медиҳад. Ҳисоби миёнаи солонаи гилолудии таркиби дарё баъди аз кӯҳҳо баромадан тақрибан 1 500 г/км³ мебошад. Захираи ҳидроэнергетикии дарёи Панҷ 98 млрд кВт/соат ва бо шохобҳояш 150 млрд кВт/соат-ро ташкил медиҳад.
Вахш дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон воқеъ буда, шохоби рости дарёи Ому аст. Дарозии он 524 км. Аз пайвастани дарёҳои Қизилсу ва Муғсу ба вуҷуд омада, бо номи Сурхоб ба қисми ғарбӣ ҷорӣ мешавад; баъди ба он ҳамроҳ шудани дарёи Хингоб номи Вахшро мегирад. Қисми зиёди ҳавзаи он дар ҳудуди кӯҳҳои Помиру Олой воқеъ аст. Вахш пуробу пуртуғён мебошад, бештар аз водии танг ба дараҳои амиқ гузашта, 170 км болотар аз резишгоҳаш ба водии васеи Вахш мебарояд ва ба якчанд шоха тақсим мешавад. Манбаи асосии оби Вахш пиряху барф. Масоҳати умумии ҳавзаи дарё 39 ҳазор км², сарфи миёнаи солонаи обаш 633 км³/с. Захираи ҳидроэнергетикии дарёи Вахш – ниҳоят бузург аст. Мувофиқи нақша, дар ин дарё ғайр аз неругоҳҳои барқи обии сохташуда сохтмони 5 неругоҳи дигар дар назар аст. Гилолудии таркиби оби Вахш дар 1км³ ба 2,8 кг баробар аст.
Кофарниҳон дар қисми ҷанубу ғарбии Тоҷикистон воқеъ буда, яке аз шохобҳои асосии дарёи Ому аст. Аз нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳи Ҳисор ҷорӣ мешавад (60 км дар водии Ҳисор равон аст). Дар назди шаҳраки Ромит, баъди якҷошавии дарёҳои Сорбо (аз чап) ва Сардаи Миёна (аз рост) ташаккул меёбад ва номи Кофарниҳонро мегирад. Дарозиаш 387 км, масоҳати ҳавзааш 11 600 км². Он аз пиряхи беноме сарчашма гирифта, дар дараи Ромит ба самти ҷанубу ғарб ҷорӣ мешавад ва аз деҳаи Чинор ба водии фарохи Ҳисор мебарояд. Шохобҳои асосиаш аз рост – Симиганҷ, Варзоб, Хонақоҳ ва аз чап дарёи Элок. Баъд аз ҳамроҳшавӣ бо дарёи Хонақоҳ ба тарафи ҷануб тоб хӯрда, то резишгоҳ аз байни силсилакӯҳҳои Боботоғ ва Оқтоғ ҷорӣ мешавад. Кофарниҳон то ба Ому рехтан ба ҳамворӣ баромада, ба якчанд шоха тақсим мешавад. Аз охири март то охири сентябр сероб аст. Сарфи миёнаи солонаи об 102 км³/с, дар фасли зимистон 26,6 км³/с. Сарфи зиёдтарин – 1 290 км³/с соли 1952 ба қайд гирифта шудааст. Аз поиноби он водии Бешкент обёрӣ мешавад. Оби дарёи Кофарниҳон нисбатан гилолуд мебошад.
Зарафшон яке аз бузургтарин дарёҳои Осиёи Марказӣ. Дар гузаштаи дур шохаи Омударё буда, бино бар рушди обёрӣ, ҳоло ҳамчун як ҳавзаи ҷудогона дониста мешавад. Болообашро (то резишгоҳи Фондарё) Мастчоҳ низ меноманд. Дарозиаш 877 км, масоҳати ҳавзааш 41 860 км², аз ҷумла қисми кӯҳиаш 17 710 км². Дар шимол аз пиряхи Зарафшон ибтидо гирифта, дар ғарб то регзори Сандуқли (биёбони Қизилқум) мерасад. 317 км ҷараёни боло ва миёнаи он аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад. Дар ҷойҳои нисбатан васеи водӣ суфаҳои қадимии обшуста ва амиқи он боқӣ мондаанд (дар назди шаҳраки Айнӣ ва Дупула). Дар ҳудуди Тоҷикистон Зарафшон бештар аз 100 шохоб дорад. Бузургтарини онҳо шохобҳои чапи Фон, Киштӯд ва Моғиён мебошанд. Водии дарё аз шарқ ба ғарб торафт васеъ ва тадриҷан паст мешавад. Аз резишгоҳи дарёи Киштӯд (қисми шарқии деҳаи Шӯрча), водӣ ба самти ғарб торафт вусъат меёбад. Дар мавзеи деҳаҳои Марғедар, Ғӯсар, Сӯҷина ва шаҳри Панҷакент Зарафшон дарёбоди васеъ ҳосил кардааст.
Мувофиқи таҳқиқоти пиряхшиноси Шӯравӣ А. О. Кемерих, дарёи Зарафшон 32% аз ҳисоби пиряхҳо, 37% аз ҳисоби барфҳо, 31% аз ҳисоби обҳои зеризаминӣ ғизо мегирад. Бино бар ин, дар ин дарё ду маротиба (март–май ва июл) обхезӣ ба амал меояд. Давраи серобиаш июн-август, камобиаш сентябр-март. Сарфи миёнаи бисёрсолаи об дар назди Дупула 155 км³/с, дар назди дарғоти назди деҳаи Работи Хӯҷа 164 км³/с. Сарфи аз ҳама бештари об 930 км³/с (7 июли 1942) ва 996 км³/с (31 майи 1964), сарфи камтарини он 24 км³/с (31 январи 1928) ба қайд гирифта шудааст. Дар имтидоди солҳои 2005–2010 сарфи об ба миқдори 200–250 км³/с (каме бештар аз меъёр) мушоҳида шудааст. Оби дарё тобистон лойолуд аст, 1 км³ об 0,80 кг лойқа дорад. Миқдори солонаи обовардҳо 4 440 ҳазор т (В. Л. Шулс, 1956).
Фон ва шохобҳои он (Искандар, Яғноб) аз нишебиҳои шимолии силсилакӯҳҳои Ҳисор об мегиранд. Дарозии дарёи Фон 24,5 км ва ҳавзаи обгириаш 3 230 км². Он ба самти шимол ҷорӣ шуда, дар назди шаҳраки Айнӣ бо дарёи Мастчоҳ омезиш меёбад. Ин дарё бо шохобҳои худ мутобиқан аз баландиҳои зиёда аз 2 195–3 440 м об мегирад. Ҳавзаи дарёҳои Искандар 274 км², Яғноб 1 650 км². Миқдори солонаи обовардҳои дарёи Искандар 63 212 т, Яғноб 308,5 ҳазор т.
Киштӯд (шохоби чапи дарёи Зарафшон) аз ҷануб ба шимол ҷорӣ шуда, дар қисми шарқии деҳаи Шӯрча аз тарафи чап ба дарёи Зарафшон ҳамроҳ мешавад. Болообаш Пушневат ва миёнобаш Арчамайдон ном доранд. Ду шохоби калон дорад. Аз тарафи чап дарёи Ворӯ ва аз тарафи рост дарёи Артуч ба он пайваст мешаванд. Дарозиаш 53 км, масоҳати ҳавзааш 863 км². Қисми болоии ҳавза дар нишебии шимолии силсилакӯҳи Ҳисор ва қисмҳои миёнаву поинаш дар нишебиҳои ҷанубӣ ва шимолии силсилакӯҳи Зарафшон ҷой гирифтаанд. Давраи серобиаш аз нимаи апрел то нимаи октябр. Сарфи миёнаи солонаи об 7,32 км³/с, ҳангоми камобӣ – 3,86 км³с.
Моғиён ҳамчун дарёҳои Фон ва Киштӯд аз нишебиҳои силсилакӯҳҳои Ҳисор ибтидо гирифта, ба самти шимол ҷорӣ мешавад. Дар назди деҳаи Сӯҷина ба дарёи Зарафшон ҳамроҳ мешавад. Дарозии он 68 км, ҳавзаи захира кардани об дар он 100 км² аст. Моғиён як шохоби калон (дарёи Шинг) дорад, водии дарё он қадар васеъ нест. Дар баъзе маҳалҳо паҳнои маҷрои дарё 10 м мебошад. Сарфи миёнаи солонаи оби дарёи Моғиён дар резишгоҳаш 8,65 км³/с. Миқдори солонаи обовардҳои дарё тақрибан 93,6 т.
Сир яке аз рӯдхонаҳои бузургтарини мамлакат, ки аз ҳудуди вилояти Суғд гузашта, ба баҳри Арал мерезад. Баъди Ому серобтарин ва дарозтарин дарёи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Масоҳати он 462 000 км², аз ин миқдор 223 000 км²: ба қисми кӯҳии ҳавза рост меояд. Ҳиссаи асосии он берун аз марзи Тоҷикистон воқеъ гардидааст. Дарёи Сир аз якҷошавии дарёҳои Норин ва Қародарё ба вуҷуд омадааст. Қисми баландтарини ҳавзаро силсилакӯҳҳои Туркистону Олой ташкил медиҳанд. Дарозии Сир аз саргаҳи Норин то баҳри Арал 2 670 (3 019 км) км. Аз ҳудуди Тоҷикистон 197 км оби он ҷорӣ мешавад. Шохобҳои соҳили чапи ба Сир ҷоришаванда аз силсилакӯҳи Туркистон ибтидо мегиранд. Бузургтарини онҳо – Исфара, Хоҷабоқирғон, Оқсу, Бюрган, Басманда. Аз ин шохобҳо дарёҳои Исфара, Хоҷабоқирғон ва Оқсу берун аз ҳудуди Тоҷикистон (дар ҳудуди Қирғизистон) ташаккул меёбанд, фақат қисми поиноби онҳо вориди ҷумҳурии мо мегардад. Оби ҷоришавандаи онҳо 900 млн км³-ро ташкил медиҳад. Оби дарёи Сир ба 15 млрд км³ баробар аст.
Кӯлҳо
вироишКӯлҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ба мисли шабакаи дарёҳо нобаробар ҷойгир шудаанд. Онҳо вобаста ба иқлим ва релйеф бештар дар мавзеъҳои кӯҳӣ пайдо шудаанд ва аз ҳамдигар аз ҷиҳати пайдоиш, масоҳат, ғизогирӣ, мавҷудияти организмҳо, шӯрию ширинии об, умқ фарқ мекунанд. Аксари кӯлҳо асосан дар минтақаи иқлими намии нокифоя, тобистони муътадил, зимистони муътадили нарм ва хунукии сербарф дар баландиҳои аз 2 900–4 700–4 800 то 5 000 м пайдо шудаанд. Барои ҳосил шудани кӯлҳо дар ин минтақа баландии маҳал, мавҷуд будани шаклҳои гуногуни релеф, пиряхҳо ва бориш дар давоми сол мусоидат менамояд. Омили дигари ҳосилшавии кӯлҳои кӯҳсор лағзиш ва кандашавию фуромадани кӯҳпораҳо мебошад. Дар ин маврид ҷинсҳои кӯҳӣ сари роҳи ҷараёни дарёҳоро мегиранд ва дар натиҷа кӯл ҳосил мешавад. Кӯлҳои ҳамворӣ дар ҳамвориҳо, он ҷойҳое, ки дар таркиби таҳшинҳо, оҳаксанг, гач, намак вуҷуд дорад ва зери таъсири обҳои зеризаминию сатҳизаминӣ тез шуста мешаванд, пайдо шудаанд. Дар ташаккул ва инкишофи кӯлҳо омилҳои геологӣ, геоморфологӣ, иқлимӣ ва ғ. таъсир мерасонанд. Вобаста ба ин олимон пайдоиши ҳавзаи кӯлҳоро ба таври гуногун маънидод карда, онҳоро аз ҷиҳати пайдоиш ба гурӯҳҳо ҷудо намудаанд. Аз ҷумла, ҷуғрофиёдони Шӯравӣ Р. Д. Забиров кӯлҳои Осиёи Марказиро омӯхта, аз нигоҳи пайдоиш онҳоро ба 7 намуд ҷудо кардааст:
- Кӯлҳои пайдоиши тектоникӣ. Ин намуди кӯлҳо дар фурӯхамидаҳои тектоникӣ, дар натиҷаи тағйири шадиди қишри Замин пайдо шудаанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон ба ин намуд кӯлҳои Помири Шарқӣ, аз ҷумла, Қарокӯл, Зоркӯл, Искандаркӯл, Рангкӯл ва ғ. дохил мешаванд.
- Кӯлҳои суфакӯҳҳои баланд. Онҳо дар хамии ағбаҳо дар натиҷаи ба қабати замин суст задани обҳои борон ва ё ҷорӣ пайдо шудаанд. Кӯлҳое, ки дар водии дарёи Аличур воқеъ гардидаанд, ба ҳамин намуди кӯлҳо дохил мешаванд ва бо моилии соҳилҳову умқи ками худ фарқ мекунанд.
- Кӯлҳои моренавӣ. Ин намуди кӯлҳо дар водиҳои кӯҳӣ, дар натиҷаи об шуда ақиб рафтани худи пирях ё забонаи он, моренаҳои бо пирях омада, пеши ҷараёни обҳои атмосферӣ ва ҷориро гирифта ҳосил шудаанд. Он маъмулан, дар забонаи пиряхҳои қадим пайдо мешаванд. Мас., кӯлҳои Марғузор, Кӯли калони водии Зарафшон ва кӯлҳои водии дарёи Қаратоғ.
- Кӯлҳои фурӯғалтӣ. Пайдоиши ин намуди кӯлҳо ба кӯчиши ҷинсҳои кӯҳии дар нишебии онҳо мавҷуд вобаста аст. Дар натиҷаи фурӯ рафтану пеши маҷрои оби дарёҳои кӯҳиро банд кардан пайдо мешаванд. Чунин кӯлҳо бо умқи худ фарқ мекунанд. Сарез ва Сабзкӯл (Яшилкӯл)-и Помир аз ҷумлаи чунин кӯлҳо мебошанд.
- Кӯлҳои шуставӣ. Онҳо дар водии дарёҳо, дар натиҷаи ивазшавии маҷрои дарёҳо ва ё нест шудани маҷрои пешинаи он ба вуҷуд меоянд. Чунин кӯлҳоро дар водии дарёҳои Аму, Сир ва ғ. дидан мумкин аст.
- Кӯлҳои делтавӣ ё резишгоҳӣ. Ин намуди кӯлҳо ниҳоят камаст. Калонтарини он дар резишгоҳи дарёи Аму (кӯли Судач) мавҷуд аст, ки 35 км дарозӣ ва 15 км паҳноӣ дорад.
- Кӯлҳои ниҳоӣ. Ин намуди кӯлҳо дар натиҷаи истифодаи оби дарё барои обёрӣ ва дигар амалҳо ҳосил мешавад. Аз ҷумла, кӯли Қарангӣ дар резишгоҳи дарёи Зарафшон.
Дар бораи ин таснифот фикри олимон гуногун аст. Олимони Шӯравӣ И. С. Шукин кӯлҳои Тоҷикистонро аз нигоҳи пайдоиши ҳавзаашон ба бандшуда, моренавӣ, карстӣ – чӯкида, Р. И. Селиванов ба пиряхӣ, бандшуда, амиқ, соҳилидарёӣ ва сатҳӣ, Д. А. Чумичев ба чӯкида, тектоникию пиряхӣ, пиряхию моренавӣ, лойқавию шӯр, соҳилидарёӣ тақсим карда, дар асари ба наздикӣ чопшудаи М. Раҳимов кӯлҳо ба тектоникӣ-пиряхӣ, карстӣ, бандшуда, маҷроӣ ва дар таҳқиқоти Ҳ. Аброров кӯлҳо ба тектоникӣ, пиряхӣ, бандшуда ва ҳидрогенӣ (обӣ) ҷудо шудаанд. Ҳалли дурусти ин масъала таҳқиқоти мушаххасро талаб мекунад.
Дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 2 000 кӯл мавҷуд аст, ки бештари онҳо дар баландиҳои 3 500–5 000 м воқеъ гардидаанд. Агар 1%-и масоҳати Тоҷикистонро кӯлҳо ишғол карда бошанд, кӯлҳои Помир 5,4%-и масоҳати онро ишғол кардаанд. Маълум мешавад, ки миқдор ва масоҳату ҳаҷми асосии кӯлҳо ба мавзеъҳои баландкӯҳ ва пеш аз ҳама ба ҳудуди Помир рост меояд. Дар мавзеи кӯҳҳои паст ва доманакӯҳҳо тақрибан 100 кӯл бо масоҳати 17 км² мавҷуданд. Аз рӯи маълумоти охирин дар мавзеи баландкӯҳҳо 1 920 кӯл мавҷуд аст, масоҳати умумии онҳо 709 км². Бузургтарини онҳо Сарез (80 км²), Зоркӯл (36,9 км²), Яшилкӯл (36,6 км²), Қарокӯл (380 км²), Искандаркӯл (3,4 км²) мебошанд. Ҳаҷми умумии оби кӯлҳо 46,3 км³. Захираи оби ширини кӯлҳо 19,3 км³ аст, ки 17,3 км³ ба кӯли Сарез рост меояд. 90%-и кӯлҳои обашон шӯрро оби Қарокӯл (бузургтарин кӯли Тоҷикистон) ташкил медиҳад. Умқи он дар қисми ғарбиаш то 238 м, дарозиаш 30 км ва паҳноиаш 23,4 км, ҳаҷми обаш 26,5 км³ мебошад. Дарозии марзи он 163,6 км. Таркиби оби кӯл аз намаки натрий, калий, хлор, сулфатҳо ва ғ. иборат аст. Оби кӯл аз моҳи ноябр то моҳҳои май-июн ях мекунад. Ғафсии яхи он ба ҳисоби миёна 0,5 м. Ба кӯл дарёҳои Музкӯл ва Қароҷилға мерезанд. Ҷиҳати хосси соҳили кӯл он аст, ки дар масофаи якчанд км аз ях таркиб ёфтааст. Қарокӯл пайдоиши тектоникӣ-пиряхӣ дорад. Шӯркӯл ва Рангкӯл низ ба ҳамин намуд дохил мешаванд. Рангкӯл дар баландии 3 762 м воқеъ буда, тавассути шохоб бо Шӯркӯл пайваст мебошад. Сатҳи оби он аз сатҳи оби Қарокӯл 130 м пасттар аст. Ба кӯлҳои бандшуда Сарез, Шадакӯл ва Яшилкӯл дохил мешаванд. Ҳар ду кӯли аввал дар як вақт, соли 1911 дар натиҷаи заминларза пайдо шудаанд. Дар натиҷаи ин заминларза анбӯҳи ҷинсҳои кӯҳии фурӯғалтида бо баландии 800 м ва паҳнои 5 км пеши маҷрои дарёи Мурғобро банд намуд. Агар дарозӣ ва умқи Сарезро муқоиса намоем, соли 1913 дарозии он 28 км, умқаш 280 м буд. Соли 1987 ин нишондодҳо мувофиқан ба 55,8 км ва 499,6 м баробар шуданд. Яшилкӯл ҳам дар натиҷаи бо анбӯҳи ҷинсҳои кӯҳӣ банд шудани маҷрои дарёи Аличур пайдо шудааст. Соҳили кӯлро аз шимолу ҷануб шохаҳои кӯҳи Аличури Шимолӣ ва Ҷанубӣ иҳота намудаанд. Дарёҳои Аличур, Марҷонаи Калон ва Хурд ба он ҷорӣ шуда, танҳо дарёи Бартанг аз он берун меояд. Аҳаммияти ин кӯлҳо барои танзими табиии оби дарёҳо бузург аст.
Дар ҳудуди Тоҷикистони Марказӣ низ кӯлҳои масоҳаташон хурд зиёданд. Аксари онҳо дар қисми миёнакӯҳ воқеъ гардидаанд. Дар худи ҳавза ва шохобҳои дарёи Зарафшон 60 кӯл дар баландии бештар аз 1 000 м мавҷуданд. Масоҳати умумии онҳо 9,18 км². Мувофиқи маълумоти муҳаққиқ Ҳ. Аброров, дар ҳавзаи дарёи Моғиён – 16 кӯл, Киштӯд – 28 кӯл, Пасрӯд – 4 кӯл ва дарёи Искандар – 12 кӯл ҷойгиранд. Ин кӯлҳо ба намуди кӯлҳои бандшуда ва тектоникию пиряхӣ мансубанд. Искандаркӯл калонтарин кӯли Тоҷикистони Марказӣ мебошад. Масоҳати он 3,4 км², дарозиаш 3,26 км, паҳноиаш 2,9 км. Ба Искандаркӯл дарёҳои Саратоғ, Ҳазормеш, Сарема ва Панҷчашма мерезанд. Ҳаҷми оби он 172 млн км³, ҷои аз ҳама амиқаш 72 м. Кӯл дар баландии 2 255 м аз с. б. воқеъ гардидааст. Ин мавзеъ барои ҳосил гардидани майдони ҷоришавии дарёи Искандар мусоид аст. Дарозии дарё 18–20 км ва моилии он дар ҳар як км 30–35 м-ро ташкил медиҳад. Дар силсилакӯҳи Ҳисор, ғайр аз Искандаркӯл, кӯлҳои хурд (Темурдара, Кӯлчаузак, Пайрон, Анкантат, Қарокӯл, Серима ва ғ.) мавҷуданд. Пайдоиши онҳо ҳам ба тағйири пирях ва бандшавии маҷрои дарёчаҳо вобаста аст.
Дар доманакӯҳҳо ва ҳамвориҳои наздикӯҳӣ кӯлҳои шӯр ва гилолуд (лойқа) бештар вомехӯранд. Бахусус, дар доманаи кӯҳҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ чунин кӯлҳо бисёранд. Кӯлҳои шӯр асосан дар атрофи кони намаки Хоҷасартез ва дар гумбази кони Хоҷамуъмин вомехӯранд, ки дар натиҷаи намакро шуста бурдани обҳои зеризаминӣ ба вуҷуд омадаанд. Бино бар ин, онҳоро кӯлҳои карстӣ ҳам мегӯянд. Дар мавзеъҳое, ки ҷинсҳои кӯҳии мулоим (гач, бӯр, оҳаксанг) паҳн гардидаанд, низ дар натиҷаи шуста бурдани онҳо кӯлҳои начандон калон пайдо шудаанд. Ба ин кӯлҳо Лоҳур (ҷанубтари деҳаи Кӯктош), Истан (дар кӯҳи Гулизиндони Рашт), Лангари Моҳиён (дар шаҳри Исфара) дохил мешаванд. Кӯлҳои старистагӣ (маҷроӣ) ё соҳилӣ дар водии дарёҳои Вахш, Панҷ, Сир вомехӯранд. Онҳо камоншакл буда, дар натиҷаи обхезиҳо пайдо шудаанд. Ин гуна кӯлҳо дар минтақаи «Бешаи палангон» низ бисёранд. Дар онҳо моҳӣ ва парандагони обӣ мавҷуданд.
Кӯли шӯри Оқсукон аз кӯлҳои шӯри ҷануби Тоҷикистон фарқ мекунад, дар фасли тобистон хушк шуда, дар тагаш намак ҳосил мешавад. Онро ҷамъ намуда, тавассути коркарди махсус ҳамчун намаки ошӣ ва лойқаи онро барои муолиҷаи беморон истифода мебаранд. Кӯл дар баландии 429 м воқеъ аст, масоҳаташ 12 км². Аз ғарб ба шарқ ба масофаи 13 км тӯл кашида, паҳноиаш 0,5–2 км, умқаш 0,5–0,7 м аст.
Обанборҳо
вироишДар баробари кӯлҳо дар Тоҷикистон ба мақсади ба танзим даровардани оби дарёҳо, обёрӣ ва истеҳсоли қувваи барқ обанборҳо бунёд шудаанд. Бузургтарин обанборҳо дар дарёи Вахшу Сир сохта шудаанд. Обанборҳои Тоҷикистон – Баҳри Тоҷик (собиқ Қайроққум), Фарҳод, Каттасой, Бойғозӣ, Норак, Муъминобод, Селбур, Даҳанасой ва Сарбанд. Ҳаҷми оби умумии онҳо ғайр аз обанбори Фарҳод, 46,4 км³-ро ташкил медиҳад. Аз ин обанборҳо Фарҳод, Баҳри Тоҷик, Норак, Сарбанд, Бойғозӣ хусусияти комплексӣ доранд. Ҳоло ба таври комплексӣ ва самарабахш истифода бурдани сарватҳои обии мамлакат дар мадди аввал қарор дорад, зеро онҳо дар як вақт талаботи якчанд соҳаи хоҷагии халқ, аз ҷумла энергетика, обёрӣ, хоҷагии манзил, саноат, кишоварзӣ, моҳипарварӣ, нақлиётро қонеъ мегардонад.
Вазифаи муҳимтарини обанборҳо ба танзим даровардани сарфи об (дар ҳолати пуробӣ ва камобии дарёҳо) мебошад. Дар ҳудуди Тоҷикистон нахустин бор соли 1946 дар маҷрои дарёи Сир обанбори Фарҳод бунёд карда шуд. Масоҳати он 46 км², паҳнояш 3 км, дарозиаш 24 км, умқаш 15 м мебошад. Обанбори Баҳри Тоҷик соли 1956 сохта шуд. Масоҳати он 520 км², паҳнояш 20 км, дарозиаш 55 км, ҳаҷми умумии обаш 4,2 км³. Ин обанбор на фақат заминҳо ва шаҳру деҳаҳои атрофро бо об таъмин менамояд, ҳамчунин барои рушди моҳипарварӣ низ мусоид аст. Ҳоло бо қувваи барқи НБО Қайроққум дар ин ҷо якчанд насоси обкашӣ насб шудаанд. Канали худҷорӣ, ки аз обанбори Фарҳод об мегирад, дашти Дилварзин (ноҳияи Мастчоҳ)-ро обёрӣ мекунад.
Обанбори Норак дар дарёи Вахш, дар мавзеи Пули Сангин сохта шудааст. Сарбанди он дар ҷаҳон баландтарин буда, баландиаш 300 м аст. Ҳаҷми обаш 10,5 млрд км³, сатҳи он ба 98 км³ баробар аст. Дарозии обанбор 70 км, умқи миёнаи он 107 м аст. Барои аз оби обанбор обшор гардидани дашти Данғара, нақби Данғара бун-ёд карда шудааст. Ғайр аз обанбори Норак, дар дарёи Вахш боз бунёди 5 обанбор пешбинӣ шудааст. Калонтарини он обанбори Роғун (13 млрд км³) хоҳад буд. Дар дарёи Панҷ сохтани чор обанбор пешбинӣ гардидааст. Ҳаҷми умумии ғунҷоиши об дар онҳо ба 62 млрд км³ хоҳад расид.
Обҳои зеризаминӣ
вироишОбҳои зеризаминӣ вобаста ба сохти геологии маҳал, гуногунии намудҳои релйеф ва шароити иқлимӣ дар бисёр мавзеъҳои ҷумҳурӣ дар умқҳои гуногун вомехӯранд. Обҳои зеризаминӣ бо ду намуд (чашма ва қабати заминӣ) мавҷуданд. Чашмаҳо ҳамчун оби равон оби дарёҳоро ғанӣ мегардонанд, аммо баробари чашмаҳои оби ошомиданӣ, ҳамчунин чашмаҳое вуҷуд доранд, ки вобаста ба таркиби кимиёиашон барои муолиҷаи бемориҳо истифода мешаванд, ки онҳоро обҳои маъданӣ ё шифобахш меноманд. Дар ҳудуди Тоҷикистон миқдори чунин чашмаҳо аз 200 зиёдтар аст. Маъмултарини онҳо Хоҷаобигарм, Обигарм, Ҳавотаг (Ҳавотоғ), Явроз, Гармоба, Шоҳамбарӣ, Бибӣ Фотимаи Заҳро, Анзоб, Ҷелондӣ ва Гармчашма мебошанд.
Ба ҳисоби миёна захираи солонаи обҳои зеризаминӣ 18,7 км³-ро ташкил медиҳад. Захира ва сатҳи онҳо вобаста ба фасли сол, миқдори бориш ва обёрии заминҳои кишт тағйир меёбад. Захираи истифодашавандаи онҳо дар як сол 2,8 км³ буда, сарфи амалии об дар давоми сол 2,3 км³-ро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти китоби «Захираҳои оби Тоҷикистон», аз ин миқдор 39,3% барои эҳтиёҷоти хоҷагию нӯшокӣ, 7,% барои эҳтиёҷоти истеҳсолию техникӣ, 38,1% барои обёрӣ истифода мешавад. Захираи обҳои зеризаминӣ ва ниёз ба он дар қисмҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ ҳамгун нест. Дар Тоҷикистони Шимолӣ захираи обҳои зеризаминӣ 25%-и захираи умумиҷумҳуриро ташкил медиҳад. Боқимондаи он 21% ба вилояти Хатлон, 21,4% ба Бадахшон ва 31,2% ба ноҳияҳои тобеи марказ рост меояд. Обҳои зеризаминӣ дар ҳудуди Тоҷикистон на фақат бо ҳаҷм, балки дар кадом умқ ҷойгир шудан ва таркиби кимиёиашон тафовут доранд. Дар Тоҷикистони Шимолӣ обҳои зеризаминӣ дар хамиҳои байникӯҳӣ, дар амиқиҳои 3–60–80 м, дар водии Ҳисор 5–40 м воқеъ гардидаанд. Дар водии дарёи Сир обҳои зеризаминӣ асосан оби нӯшокии ҳидрокарбонатӣ мебошад. Фақат дар баъзе маҳалҳо оби шӯри сулфурӣ дида мешавад, ки дараҷаи маъданнокии он 5 г/л-ро ташкил медиҳад. Обҳои зеризаминии водии Ҳисор ҳам ширин буда, дар таркибашон ҳидрокарбонати калсий доранд. Дараҷаи маъданнокиашон то 1 г/л. Дар қисми ғарбии водӣ обҳои зеризаминии фишордор паҳн гapдидаанд. Обҳои зеризаминии қисми шимоли водии Вахш асосан ширин буда, дар қисми ҷануби он ба оби шӯру сулфату хлордор табдил меёбад. Маъданнокии он 5–50 г/л. Дар сароби дарёҳои Ёхсу ва Сурхоб оби ҳидрокарбонати фишордор бартарӣ дорад. Фақат дар қисми мобайнии водии ин дарёҳо дараҷаи маъданнокии оби зеризаминӣ то 2-3 г/л меафзояд. Дар Тоҷикистони Ҷанубӣ обҳои зеризаминӣ дар умқи аз 10 то 100 м вомехӯранд. Маъданнокии асосӣ аз 3 то 40 г/л меафзояд. Обҳои зеризаминии ҷанубии водии Вахш барои истифода чандон мувофиқ нестанд. Дар Помир (Бадахшон) обҳои зеризаминӣ асосан дар водии дарёҳо, атрофи наҳру кӯлҳо воқеъ гардидаанд. Захираи онҳо ниҳоят кам мебошад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Обҳо / Х. Муҳаббатов // Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома. — Д.: СИЭМТ, 2021. — С. 79—85. — 696 с. — ISBN 978-99985-0-005-1.
- ↑ Обҳо: Пиряхҳо / Х. Муҳаббатов // Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома. — Д.: СИЭМТ, 2021. — С. 79. — 696 с. — ISBN 978-99985-0-005-1.
Адабиёт
вироиш- Забиров Л. Д. Оледенение Памира. М., 1955;
- Колесник С. В. Очерки гляциологии. М., 1963;
- Атлас Таджикской ССР. Д.-М., 1968;
- Аҳамияти иқтисодии обҳои Тоҷикистон. Д., 1975;
- Таджикистан: природа и природные ресурсы. Д., 1982;
- Котляков В. М. География в меняющемся мире. Книга 3. М., 2001;
- Водные ресурсы Таджикистана. Д., 2003;
- Джураев К., Яблоков А. А. Ледники Таджикистана. Д., 2003
- Раҳимӣ Ф., Муҳаббатов Х., Ниёзов А. Об, илм ва рушди устувор. Д., 2018.