Овоздиҳии кушод
Овоздиҳии кушод - яке аз усулҳои низоми интихоботӣ ба шумор рафта, шаҳрванд ба таври ошкоро овози худро ба ин ё он номзади пешниҳодшуда медиҳад. Ин усули интихобот дар замони шӯравӣ то қабули Конститутсияи соли 1936 Иттиҳоди Шӯравӣ ва Конститутсияи соли 1937 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми интихоби вакилон ба мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ба таври васеъ истифода мешуд.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 358
]