Одил Маҷлисов (тав. 1910, деҳаи Орварди Дарвози Афғонистон – ваф. 7.11.1990, шаҳри Душанбе), муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих (1968), профессор (1970), Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон (1971).

Одил Маҷлисов
Таърихи таваллуд 1910(1910)
Зодгоҳ музофоти Дарвози Афғонистон, Афғонистон
Таърихи даргузашт 7 ноябр 1990(1990-11-07)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Ҷоизаҳо Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон (1971)

Зиндагинома

вироиш

Одил Маҷлисов cолҳои 1928–1930 дар мактаби ҷавонони камбағал таҳсил кардааст. Соли 1930 дар КМ ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар кору фаъолият дошт. Соли 1931 дар муборизаи зидди босмачиён иштирок кардааст. Соли 1932 хидмат дар сафҳои Артиши Шӯравӣ, 1933 мудири шуъбаи ташкилии Комитети иҷроияи ноҳияи Орҷоникидзеобод, 1940 Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм карда, ҳамчун муаллими таърих ба Омӯзишгоҳи педагогии Ӯротеппа фиристода шуд. Солҳои 1942–1945 муаллими Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Ленинобод, 1945–1947 сардори шуъбаи кадрҳои Комиссарияти маорифи халқ, Солҳои 1947–1952 дар Институти тадқиқотию илмии мактабҳо фаъолият намудааст. Солҳои 1952–1959 декани факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко, 1959–1967 дотсенти кафедраи таърихи ИҶШС, 1967–1977 мудири кафедраи таърихи ИҶШС, 1977–1990 профессори кафедраи таърихи ИҶШС-и Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Муаллифи 6 асар ва зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ мебошад. Таълифотҳояш масъалаҳои муносибатҳои аграрӣ дар Бухорои Шарқӣ дар асрҳои XIX – аввали асри XX, барпо шудани ҳокимияти шӯравӣ дар Қаротегинро фаро гирифтаанд.

  • Материали кишваршиносӣ оид ба таърихи Тоҷикистон, Сталинобод, 1957;
  • Қаротегин дар арафаи барпо намудани Ҳокимияти Советӣ, Сталинобод, 1959;
  • Муносибатҳои аграрӣ дар Бухорои Шарқӣ дар асрҳои XIX – аввали XX, Д., 1967.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо медал ва ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофонида шудааст. Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон (1971).

Нигаред низ

вироиш

Пайвандҳо

вироиш