Озах (лот. Verruca) — бемории вирусии пӯст. Ба он бештар кӯдакон ва наврасон гирифтор мешаванд.

Озах
ИхтисосDermatology Edit this on Wikidata
Озах
Озах дар ангушти бузурги пой
Озах дар ангушти бузурги пой
МКБ-10 B07 07.
МКБ-9 078.1078.1
DiseasesDB 28410
MedlinePlus 000885
eMedicine emerg/641 
MeSH D014860

Иллати беморӣ вироиш

Ангезандаи озах бевосита ҳангоми алоқа бо бемор ва ба воситаи ашёи рӯзгор мегузарад. Ҷароҳати ночизи пӯст, серарақӣ ва ғ. ба пайдоиши озах мусоидат мекунанд.

Озах муқаррарӣ, ҳамвор ва пошнагӣ мешавад. Озахҳои муқаррарӣ гиреҳчаҳои сахт (аксаран чандто) буда, хокистарранг ё ҳамранги пӯст мебошанд; қутрашон 3 — 10 мм, сатҳашон шахшӯл, дар рӯи пӯст пайдо мешаванд. Онҳо, одатан, дар пушти панҷаи даст ва ангуштон мебароянд.

Озахҳои ҳамвор (наврасӣ) аз гиреҳчаҳои мусаттаҳ иборат мебошанд; қутрашон 0,5 — 3 мм, шаклашон гирд, ҳамранги пӯст ё зарди маллатобанд. Бештар дар рӯй ва пушти панҷаи даст, баъзан дар соид падид меоянд; ба одами солим мегузаранд. Гоҳо баъди чанд моҳ худ аз худ нест мешаванд.

Озахҳои пошнагӣ дар он ҷойҳои пой, ки пойафзор бештар тазйиқ медиҳад, ба вуҷуд омада, зоҳиран обиларо мемонанд. Баъзан калон шуда, шаклан ба тоҷи хурӯс ё сараки гулкарам монанд мешаванд. Онҳо аз обила бо пистонакҳои сурхчаранге, ки дар марказ воқеъ гаштаанд, фарқ мекунанд. Озахҳои пошнагӣ дарднок буда, роҳгардиро душвор мегардонанд.

Озахи пиронсолӣ баъзан дар одамони куҳансол пайдо мешавад. Шаклаш лӯнда, тухммонанд ва гуногун аст. Андозаи он баробари наск буда, бештар дар сари сина, тахтапушт ва рӯй мебарояд. Рангаш зарди хокистаргун ё қаҳвагист.

Баъзан дар пӯст киратомаҳо пайдо мешаванд, ки зоҳиран ба озахи пиронсолӣ монанд мебошанд. Аз таъсири ангезаҳои гуногун (физикӣ, механикӣ ва химиявӣ) онҳо метавонанд ба омоси саратонӣ табдил ёбанд. Бинобар ин ҳангоми дар пӯст пайдо шудани чизҳои озахмонанд ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.

Дармон вироиш

Табобатро духтур таъйин мекунад. Табобати худсарона, хусусан татбиқи воситаҳои сӯзонанда (кислотаҳо ва ишқорҳо) метавонад боиси илтиҳоби бофтаҳои атрофи озах, пайдоиши фасод ва ҷароҳат гардад. Барои пешгирии пайдоиши озах қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя намуда (доимо шустани даст, истифодаи сачоқи шахсӣ ва ғ.), баробари осеб ёфтани пӯст ҷои захмро бо маҳлулҳои гандзудо шустан лозим аст. Пешгирии серарақӣ низ ба пайдоиши озах монеъ мешавад.

Озахҳои тоқаро бо роҳи диатермокоагулятсия, криодеструксия (ҷарроҳӣ бо хунукӣ), истифодаи ферезол, резорсин ва ғ. табобат менамоянд.

Эзоҳ вироиш