Озмоишгоҳи геоинформатсионии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Озмоишгоҳи геоинформатсиони дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Таърих
вироишСоли 2008 бо дастгирии лоиҳаи "ТЕМПУС-2008"-и Комиссиони Аврупо кушода шудааст. Мудираш омӯзгори калони кафедраи "Танзими замин" Қодирова З. мебошад ва дар таъсиси он саҳми арзанда дорад.
Фаъолияти озмоишгоҳ
вироишМарказ дар ҷумҳурӣ ва давлатҳои Осиёи Марказӣ яке аз аввалин мебошад. Он дар ду утоқи корӣ ҷойгир шудааст. Бо 13 компютери баландиқтидори "Сервер", ки кори ҳама компютерҳоро идора мекунад, нусхабардори "Сканер", принтер (ду адад), мултимедиа, асбобҳои замонавии геодезӣ аз қабили GPS (ду адад), тахометрҳои электронии "Тримбол" (ду адад), нивилирҳои электронӣ (шаш адад) ва таҷҳизоти электронии ёрирасон, барномаҳои компютерӣ "Геоматика", "Аркгис", ки ба самтҳои талаботи Аврупо ҷавобгӯянд, муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Марказ дар омӯзонидани донишҷӯён, магистрҳо, аспирантону унвонҷ ӯён ва омӯзонидани фанҳои дақиқ геоинформатика, геодезия, фотограмметрия ва тарҳрезии корҳои илмӣ тадқиқотӣ хидмат мерасонад. Имконоти он дар раванди машғулиятҳои амалию озмоишгоҳӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад.
Пайвандҳо
вироиш- Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон(пайванди дастнорас)
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |