Озмоишгоҳи ихтиологияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Озмоишгоҳи ихтиология дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Таърих
вироишСоли 2008 дар пойгоҳи КВТТ-и "Ҳисор"-и н. Ҳисор таъсис дода шудааст. Аввалин мудири он дотсент Ҳаитов А. буд. Дар айни замон ин вазифаро Назаров Ш. ба уҳда дорад. .
Фаъолияти озмоишгоҳ
вироишЗарурияти ташкил намудани ин озмоишгоҳ аз талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи моҳипарварӣ бармеояд ва кушодани ихтисоси моҳипарварӣ дар сохтори факултети зооинженерӣ низ аз ҳамин ҳуҷҷат асос мегирад. Бо назардошти он, ки дар оянда соҳаи моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ бояд ба як соҳаи сердаромад мубаддал гардад, мутахассисон ва дар мадди аввал олимони донишгоҳро лозим аст, ки барои ноил гаштан ба ин мақсади наҷиб пойгоҳи назариявию амалии боэътимодро пойдор намуда, мутахассисони баландпояро тарбия намоянд. Дар иҷрои ин вазифаҳо озмоишгоҳ ҳамчун пойгоҳи илмию таълимӣ саҳми худро мегузорад. Бо мақсади ҳалли проблемаҳои мавҷудаи соҳа барои фаъолияти ин озмоишгоҳ бинои махсус таҷҳизонида шуда ва барои ташхиси таркиби оби кӯлҳо дар масоҳати 0,5 га, талаботи об ба моддаҳои биогенӣ ва органикӣ муайян намудани миқдори газҳои ҳалшудаи об (О2, СО2), нишондодҳои дараҷаи туршии муҳит (pH), шаффофии об асбобҳои лозимӣ мавҷуданд. Тадқиқотҳои илмӣ ба омӯзиши хусусиятҳои биологии намудҳои гуногуни парваришшаванда, вазнгирии даҳрӯза, якмоҳа, мавсимӣ ва солона, меъёрҳои ғизогирӣ, хӯронидан, афзоишу таносул ва дигар масъалаҳои моҳишиносию моҳипарварӣ бахшида шудаанд. Дар озмоишгоҳ тибқи ҷадвали сиклӣ машғулиятҳои амалӣ мунтазам гузаронида мешаванд.
Эзоҳ
вироишПайвандҳо
вироиш- Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон(пайванди дастнорас)
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |