Озмоишгоҳи лимӯпарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Озмоишгоҳи лимӯпарвар дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Таърих вироиш

Соли 2010 дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон кушода шуд.

Фаъолияти озмоишгоҳ вироиш

Равияи таҷҳизоти илмияш ба технологияи парвариши лимӯ дар шароити гармхонаҳои болои заминӣ, роҳу усулҳои афзоиши он ва пешгирии паҳншавии ҳашароти зараррасону касалиҳо ва муолиҷаи онҳо равона карда шудааст. Дар пойгоҳаш истеҳсоли лимӯ ба роҳ монда шудааст ва он ба ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони ёрирасон пешниҳод карда мешавад. Озмоишгоҳ дар рафти машғулиятҳои амалӣ, таҷрибаомӯзиҳо, семинару машваратҳо ҳамчун пойгоҳ самаранок истифода бурда мешавад.

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш