Озмоишгоҳи фитопатологияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Озмоишгоҳи фитопатология дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Таърих

вироиш

Озмоишгоҳ соли 2010 бо мақсади омӯзиши касалиҳои рустанӣ, хусусияти устуворӣ, воситаву усулҳои пешгирӣ ва бартараф кардани онҳо бо дастгирии Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Тоҷикистон, ки аз тарафи Оҷонсии ҳамкории байналмилалии Шветсия (SIDA) маблағгузорӣ мегардад, сохта ба истифода дода шуд.

Фаъолияти озмоишгоҳ

вироиш

Аз калимаи мураккаби юнонии phyton рустанӣ (ҳиссаи аввали калимаҳои мураккаб, ки муносибати калимаҳои мазкурро ба рустанӣ ифода мекунад), pathos касалӣ ва logos мафҳум, таълимот гирифта шудааст. Вазифаи озмоишгоҳ тадқиқи касалиҳои рустанӣ, ки занбӯруғҳо, актиномисетҳо, бактерияҳо, вирусҳо, паразитҳо, нематодаҳо ва диг. ба вуҷуд меоваранд, пайдо кардани усулҳои мубориза ва интихоби навъҳои устувор мебошад. Ин ҷо биологияи барангезандагони касалӣ, сабабу шароити пайдоиш, қонунияти инкишоф ва паҳншавии касалӣ, дараҷаи масунияти рустанӣ ва хусусияти анатомию физиологии рустаниҳои касал мавриди омӯзиш қарор мегирад. Озмоишгоҳи фитопатология бо тарҳи замонавӣ иборат аз 3 қисмат сохта шудааст. Қисмати аввал ҳуҷраи ҳарораташ идорашаванда буда, дар он рустаниҳои омӯзишӣ кишт карда шуда, бо барангезандагони касалӣ сироят карда мешаванд. Қисмати дуввум ва сеюм ҳамгиро сохта шуда, дар он ҳарорат, рӯшноӣ, намнокӣ мукаммал идорашаванда аст. Ин қисмат аз 14 бокси таҳлил ва раванди гузаронидани корҳои озмоишӣ иборат аст. Дар як вақт имконияти санҷиш ва баҳодиҳии беш аз 100 намунаро доро аст. Дар ин озмоишгоҳ имконияти ташхиси сифати тухмӣ, рустанӣ ва дараҷаи устувории рустанӣ ба касалӣ, навъҳои устувор ва амсоли ин баҳо дода мешавад. Дар шароити лабораторӣ барангезандаҳои касалӣ ба навъҳои алоҳида ворид карда шуда, дараҷаи устувории ҳар як навъ вобаста ба намуди барангезанда муайян карда мешавад. Дар асоси ин озмоиш навъҳои ба барангезандагони гуногун устувор интихоб шуда, ба минтақаҳои мухталифи кишоварзӣ барои кишт тавсия карда мешаванд. Ҳамзамон дар озомишгоҳ дараҷаи таъсиррасонии биопрепаратҳои дохиливу хориҷӣ, ки хусусияти устувории рустаниро ба барангезандагони касалӣ баланд мегардонанд, мавриди татқиқ қарор дода мешавад. Тайи чанд моҳи охир дараҷаи таъсиррасонии биопрепарати "Субтилбен" ба зироатҳои ғалладонагии гурӯҳи 1 ва навъҳои пахта мавриди татқиқ қарор дошт, ки ба натиҷаи хуби илмӣ ноил гардид..

Пайвандҳо

вироиш