Озодии шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Озодии шартномаи (қарордоди меҳнатӣ) - дар бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ тарафҳо озод мебошанд. Чунин фикр бевосита аз муқаррароти моддаи 26 КМ ҶТ бармеояд. Озодии шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва озодии меҳнат мафҳумҳои гуногунмаъно бошанд ҳам, ба ҳам тавъаманд. Чунончи, ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи интихоби касб, ихтисос ва ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкориро дорад. Амалӣ гардидани ҳуқуқҳои мазкур бо баробари дигар шартномаҳо, инчунин ба воситаи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ имконпазир мебошад. Тарафҳо ҳангоми ба имзо расонидани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ озод ва дорои ҳуқуқи баробар мебошанд. Маҷбур намудан барои бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ғайр аз ҳолатҳое, ки Кодекси меҳнат, дигар қонунҳо ва ё уҳдадориҳои ихтиёран қабулнамудаи корфармо пешбинӣ намудаанд, мумкин нест. Беасос рад кардани бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо корманде, ки аз ҷониби хадамоти шуғли давлатӣ, аз ҳисоби квота, брон ба кор фиристода шудааст, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки бевосита дар Кодекси меҳнат ва дигар қонунҳо муқаррар гардидаанд, манъ мебошад.[1]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 366