Open main menu

Озоносфера - қабати озонии атмосфера, ки дар сатҳи замин дар баландии 10-50 км ҷойгир аст. Миқдори асосии озон дар он қисми озоносфера ғун мешавад, ки аз сатҳи замин дар баландии 20-25 км воқеъ аст. Пайдоиши озонро дар озоносфера ва паҳншавии онро дар баландиҳои гуногун назарияи фотохимиявӣ шарҳ медиҳад. Озон радиатсияи офтобро фурӯ мебарад ва дар ҳамин асос қисми аз ҷиҳати биологӣ фаъоли радиатсияи офтоб ба замин омада намерасад.[1]

МанбаъВироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 367-368