Оиша бинти Абубакр
Уммулмуъминин Оиша бинти Абубакри Сиддиқ (ар. عائشة بنت أَبي بكر; 613, Макка — 678, Мадина) — савумин ҳамсари паёмбар Муҳаммад (ﷺ), духтари халифаи Рошид Абубакри Сиддиқ (р), фақеҳтарин ва огоҳтарин занони мусалмон дар бораи дин ва адаб.
Оиша бинти Абубакр | |
---|---|
араб. عائشة بنت أَبي بكر | |
![]() | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Оиша бинти Абубакри Сиддиқ |
Лақаб: | Уммулмуъминин |
Касб, шуғл: | шоир |
Таърихи таваллуд: | 614[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | тақрибан 13 июл 678[4] |
Маҳалли даргузашт: | |
Маҳалли дафн: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом |
Падар: | Абубакри Сиддиқ[5] |
Модар: | Ум Рӯмон Зайнаб бинти Амир[d] |
Ҳамсар | Муҳаммад[5] |
Ҷанг: | |
Шогирдон: | Товус ибни Кайсан[d] |
Нуфуз: | суннӣ |
Шабоҳат: | Shia view of Aisha[d] |
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
![]() |
![]() |
Кӯдакӣ Вироиш
Нӯҳ сол пеш аз ҳиҷрат дар соли 613-уми милодӣ дар Макка ба дунё омадааст. Уммулмуъминин Оиша (р) соли 58-и ҳиҷрӣ (678) дар синни 67-солагӣ дар Мадина аз дунё гузашт ва дар гуристони Бақеъ ба хок супорида шуд.[6]
Ҳамсари паёмбар Вироиш
Ҳамсарони Ҳазрати Муҳаммад (с) |
---|
Паёмбари акрам (ﷺ) соли дуюми пас аз ҳиҷрат ӯро ба хонаи худ овард. Вай маҳбубтарин ҳамсари Расули Худо (ﷺ) ва дар ривояти ҳадис аз ҳама занони он Ҳазрат серривояттар мебошад.
Мактаби Оиша Вироиш
Бузургони саҳоба дар бораи фароиз ва аҳкоми дин аз вай суол мекарданд ва онҳоро ҷавоб медод. Масрук вақте аз номи ӯ ривоят мекард, мегуфт: Сиддиқа бинти Сиддиқ ва ба ман гуфт. Аз ӯ 2210 ҳадис ривоят кардаанд.
Эзоҳ Вироиш
- ↑ https://www.britannica.com/biography/Aishah
- ↑ https://snl.no/Aisha
- ↑ النسائي أ. ب. ش. الْمُجْتَبَى (араб.)
- ↑ Большая российская энциклопедия (рус.) — М.: Большая российская энциклопедия, 2004.
- ↑ 5.0 5.1 Али-заде А. Аиша бинт Абу Бакр (рус.) // Исламский энциклопедический словарь — М.: Ансар, 2007. — ISBN 978-5-98443-025-8
- ↑ Абдушарифи Боқизода. Тафсири навини Қуръони карим, ҷилди якум — Душанбе: «ЭР-граф», 2012. — с. 836
Сарчашма Вироиш
- Абдушарифи Боқизода. Тафсири навини Қуръони карим, ҷилди якум — Душанбе: «ЭР-граф», 2012. — 880с.