Ойлор Ҳақӣ
Ойлор Ҳақӣ (форсӣ: آیلار حقی; таваллуд 1999 - даргузашт 16 ноябри 2022) як шаҳрванди эронӣ аз Табрез буд, ки 16 ноябри соли 2022 дар ҷараёни эътирозоти саросарӣ дар Табрез аз ҷониби нерӯҳои Ҷумҳурии Исломӣ кушта шуд.[1]
озарбойҷонӣ: Aylar Həqqi | |
Таърихи таваллуд | 1999 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 16 ноябр 2022 |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | medical student |
Кушта шудан
вироишБа гуфтаи шӯрои гилдияҳои донишҷӯён, ӯ донишҷӯи пизишкии Донишгоҳи Озоди Табрез буд, ки рӯзи 16 ноябр дар ҷараёни эътирозҳои шаҳри Табрез ҳангоми паноҳ бурдан ба як бино аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ба поён партоб шуд ва мурд.[2] Яке аз хешовандони наздики Ойлор ба Радиои Фардо гуфтааст, ки ӯ дар ҷараёни эътирозҳо бар асари бархӯрди тири мустақим ба пушти сараш кушта шудааст. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, хонаводаи Ойлор таҳти фишори нерӯҳои амниятии Ҷумҳурии Исломӣ қарор гирифта буданд, ки бигӯянд Ойлор бар асари афтодан аз баландӣ даргузашт.[3]
Эзоҳ
вироиш- ↑ دانشجوی پزشکی دانشگاه تبریز در میان جانباختگان اعتراضات دیروز تبریز(форсӣ). صدای آمریکا (18 November 2022).
- ↑ گزارشها از «کشته شدن آیلار حقی» دانشجوی پزشکی در تبریز(форсӣ). بیبیسی فارسی (18 November 2022).
- ↑ آیلار حقی با «شلیک مستقیم به پشت سرش توسط نیروهای حکومتی» کشته شد(форсӣ). رادیو فردا (18 November 2022).