Олами набототи Тоҷикистон

Олами набототи Тоҷикистонро манзараҳои нотакрор ва ба худ хоси табиат, набототи зиёду рангоранг, ки дар иқлими гуногуни минтақаҳо кишвар мерӯянд ташкил медиҳанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон ҳариб 5 ҳазор навъи набототи гулдор ба қайд гирифта шудааст, ки кариб 1000 навъи он рустаниҳои обӣ, зиёда аз 1500 навъи он рустаниҳои занбӯруғӣ, тақрибан 500 навъи гулсангҳо ва 500 навъи онро рустаниҳои ушнамонанд ташкил медиҳанд.

Рустаниҳои шифоӣ

вироиш

Тахминан 400 навъи рустаниҳои табобатӣ ва гиёҳҳои доругӣ дар байни халқ хеле васеъ истифода бурда мешавад. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 навъи рустаниҳои ғизоӣ ва витаминдор, қариб 60 навъи ру станиҳри равғани эфирдор мерӯяд. Рустаниҳои булутӣ қариб 100 навъро ташкил мекунад ва рустаниҳои ррангдиҳанда аз 80, рустаниҳои асалдор зиёда аз 100 намуд ва рустаниҳои ороишӣ аз 120 намудзиёдтар.

Дар баъэе аа дараҳои Ҳисору Олой гули беназиру баҳамто ба мисли эндем ва реликт вомехӯрад, ки он ба ғйр аз инҷо дар ягон ҷойи дигари ҷаҳон дида намешавад. Ин шоҳиди зиндаи ҷангалҳои қадима аст, ки то имрӯз ба мо расидааст[1].

Ифтихори асосии олами набототи Тоҷикистон лола ба шумор меравад. Дар минтақаи баландкӯҳи 4000—5500 метр аз сатҳи баҳр, дар ҷойҳои сернам, марғзорҳо, марғзорҳои даштӣ ва даштҳои камрустанӣ ҷойгир шудаанд.

Ҷангал

вироиш

Имрӯз ҷангал ҳамагӣ 3 фоизи масоҳати кишварро ташкил медиҳад. Майдони давлатии хазинаи ҷангал 1,7 млн гектарро ташкил дода, 98% ҷангалзор моликияти давлатӣ ба шумор меравад.

Ҷангал дар ҳудуди Тоҷикистон ба тағйироти куллии антропогенӣ дучор шудааст. 170 сол қабл ҷангал майдони зиёди масоҳати имрӯзаи кишварро пӯшонида буд. Дар аввали қарни гузашта 4,9% ва имрӯз на зиёда аз 0,6% масоҳати умумии кишварро бешазори аслӣ ташкил медиҳад. Буридан ва завол ёфтани ҷангал аз афзоиши табиии он 1,5 маротиба, дар баъзе ҳолатҳо то ба 3 маротиба зиёдтар аст[1].

Хислати хоси набототи ҷумҳурӣ сирак ва ё холибех будани онҳо ба шумор меравад. Ин на танҳо ба таъсири инсон ба наботот вобаста аст, балки ба хусусиятҳои биологии наботот, қабл аз ҳама, ба рушду нумуи қабати болоии системаи решаҳои он, ки ба қабати дохилии замин воридшавии онро нигоҳ медорад, вобастагӣ дорад.

Рустаниҳои кишоварзӣ

вироиш

Тоҷикистон маркази маъмули мухталифи биологӣ буда, макони пайдоиши зироатҳои гуногун, аз ҷумла гандуму нахӯд ба шумор меравад. Аз замонҳои ҳадим замини тоҷикон бо истеҳсоли ҷавдору рустаниҳои лубиёгӣ, зағир, юнучқа, меваю сабзавот ва харбуза шӯҳратёр буд.

Дар даҳсолаҳои охир зироати асосии кишоварзӣ пахта ба ҳисоб мерафт, ки барои кишти он то 70% заминҳои обӣ ҷудо карда мешуд ва ҳосили асоси барои қонеъ гардонидани талаботи нақшаи иқтисодии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ истифода бурда мешуд.

  1. 1.0 1.1 Хуш омададед ба тоҷикистон. — Д., 2008, — 124 с.